Марио Драгӣ
итол. Mario Draghi | |
Президент | Серҷо Маттарелла |
Пешгузашта | Ҷузеппе Конте |
1 ноябри 2011 — 1 ноябри 2019 | |
Пешгузашта | Жан-Клод Трише |
Ҷонишин | Кристин Лагард |
Раиси Бонки Итолиё
|
|
1 декабри 2005 — 31 октябри 2011 | |
Пешгузашта | Антонио Фатсио |
Ҷонишин | Игнатсио Виско |
|
|
Таваллуд |
3 сентябр 1947[1][2][3][…] (77 сол) |
Фарзандон | Federica Draghi[d][4] ва Giacomo Draghi[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | Doctor of Philosophy in Economics[d] (1977) |
Фаъолият | илми иқтисод, mathematical economics[d][5] ва бонкдорӣ[d][5] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Марио Драгӣ (итол. Mario Draghi, тав. 3 сент. 1947, Рим) — иқтисоддон ва арбоби давлатии Италия, Раиси Шӯрои вазирони Италия аз 13 феврали соли 2021. Роҳбари Бонки Италия (2005—2011), Раиси Бонки марказии Аврупо (2011—2019).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳсилот
[вироиш | вироиши манбаъ]Марио Драги Донишгоҳи Ла Сапиенсаи Римро хатм кардааст. Соли 1976 вай таҳти роҳбарии Франко Модилианӣ ва Роберт Солоу аз Институти технологии Массачусетс номзади илмҳои философияро ба даст овард.
Фаъолияти касбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]1981—1991 — профессори иқтисодии Донишгоҳи Флоренсия.
Аз соли 1984 то 1990, ба ҳайси намояндаи Италия, дар Шӯрои директорони иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ хидмат кардааст. Солҳои 1991—2001 — Директори генералии хазинадорӣ, ҳамзамон солҳои 1993—2001 — раиси Кумитаи хусусигардонӣ дар ҳукумати Италия.
Аз соли 2002 то 2005 — муовини раис ва директори генералии Goldman Sachs International. Дар замонҳои гуногун ӯ узви раёсати якчанд бонкҳо ва корпоратсияҳо буд: Ente Nazionale Idrocarburi, Институт бозсозии саноат, Banca Nazionale del Lavoro ва Istituto Mobiliare Italiano .
Дар моҳи декабри соли 2005, Марио Драги раиси Бонки Италия шуд. Дар ин вазифа, ӯ Антонио Фатсиоро иваз кард, ки дар ҷанҷоли бонкӣ вобаста ба қаллобии молиявӣ даст дошт. Мӯҳлати ваколати Марио Драги соли 2011 ба охир расид[6].
24 июни соли 2011 Марио Драги Раиси Бонки марказии Аврупо таъйин шуд. Дар ин вазифа, ӯ Жан-Клод Тришеро ба муддати 8 сол иваз кард (аз 1 ноябри 2011 то 31 октябри 2019)[7].
Роҳбарияти Драги дар Бонки Аврупо бо бӯҳрони парокандагӣ бинобар хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо ва талошҳо барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ тавассути коҳиши миқдорӣ тавсиф карда шуд (алалхусус, Драги фоизи манфиро пеш гирифт). Дар моҳи октябри соли 2017, БМА барномаи хариди евробондҳоро аз 60 миллиард евро дар як моҳ то 30 миллиард коҳиш дод[8].
Дар сари ҳукумати Италия
[вироиш | вироиши манбаъ]3 феврали соли 2021, Президенти Италия Серҷо Маттарелла, дар давраи бӯҳрони ҳукуматӣ пас аз истеъфои сарвазир Ҷузеппе Конте ба Драги супориш дод, ки кобинаи навро ташкил диҳад.[9]
13 феврали соли 2021 ҳукумати Драги савганд ёд кард.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамсар Серена аз насли оилаи Медичиҳо, ду фарзанд: духтарча Федерика, биолог ва писар Ҷиакомо, савдогари Morgan Stanley.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/1798502/Mario-Draghi
- ↑ http://www.nndb.com/lists/496/000063307/
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ https://velvetgossip.it/2021/02/04/serena-cappello-ecco-chi-e-la-moglie-di-mario-draghi/
- ↑ 5.0 5.1 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Барашев Н. Новым президентом Банка Италии назначен Марио Драги. РИА новости. 10 Декабри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июли 2012.
- ↑ L. Baker, J. Toyer. EU appoints Draghi to ECB, Bini Smaghi to leave. Reuters. 25 июни 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июли 2012.
- ↑ #18 Mario Draghi(англ.). Forbes. 23 феврали 2021 санҷида шуд.
- ↑ Paolo Festuccia. Draghi dice sì a Mattarella. Scende lo spread e volano le borse. I 5 Stelle si sfiano, si riunisce il centrodestra(ит.). la Stampa (3 febbraio 2021). 3 феврали 2021 санҷида шуд.
- Зодагони 3 сентябр
- Зодагони соли 1947
- Зодагони Рум
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Сарвазирони Итолиё
- Сарварони асри XXI
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Роҳбарони кунунии кишварҳо
- Википедиа:Зиндагиномаи муосирон
- Сарвазироне, ки соли 2021 ба кор шурӯъ кардаанд
- Иқтисоддонҳои Италия
- Раисони Бонки марказии Аврупо
- Президентҳои Бонки Ҷаҳонӣ
- Омӯзгорони Донишгоҳи Падуан
- Омӯзгорони Донишгоҳи Турин
- Омӯзгорони Донишгоҳи Флоренсия