Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2009 № 667 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009, № 707» («Таъсиси маркази биотехнологӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон») бо фармони ректори ДМТ аз 29 декабри соли 2009, дар назди институти илмию-тадқиқотии ДМТ таъсис дода шуд.
Сардори Маркази биотехнологӣ - Хуршеда Иномовна Бобоҷонова, номзади илмҳои биология, дотсент, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
9 декабри соли 2011 озмоишгоҳҳои Маркази биотехнологӣ ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид. Мақсади фаъолияти Маркази биотехнологӣ – рушди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, коркарди самтҳои пажӯҳишҳои илмӣ дар асоси афзалиятҳои давлатии инкишофи илмӣ-техникӣ бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодии он мебошад.
Мавзӯи илмии Маркази биотехнологӣ «Коркарди тарзи тайёр намудан ва афзун гардондани маводи кӯчатии солимгардонидашудаи навъҳои мањаллии ангур дар шароити «in vitro» аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 тасдиқ гардид. Коллексияи Маркази биотехнологӣ 70 навъи ангурро ташкил медиҳад.
Аксҳои Маркази биотехнологии ДМТ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]• Cомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон/Маркази биотехнологӣ Бойгонӣ шудааст 26 сентябри 2017 сол.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |