Маросимҳои азодорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маросимҳои азодорӣ, Азодорӣ — марҳилаест, ки пас аз вафоти шахси наздик то як сол давом меёбад.

Тавсифи мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар хонаводае, ки яке аз аъзои он фавтидааст, ҳамчун нишони дарду алам ва сӯгворӣ баъзе расму одатҳо иҷро мешавад, аҳли оила ва хешони наздик аз як қатор амалҳо худдорӣ мекунанд, дар либоспӯшӣ ва рафтори онҳо дар давоми як сол нишонаи мотаму андӯҳ ифода меёбад. Ба силсилаи маросимҳои азодорӣ, ҷанозаву дафн, себегаҳа, чил ва оши сол дохил мешаванд. Расму одатҳои дигар танҳо дар шакли оилавӣ созмон дода мешаванд. Дар маҷмӯъ, маъракаҳои азодориро бо номҳои «худоӣ», «оши худоӣ», «нондиҳӣ», «нон» ва ғайра меноманд. Азодорӣ аз лаҳзаи вафоти шахси наздик оғоз меёбад. Баробари ба вуқуъ омадани бадбахтӣ аҳли хонавода ба гиряву шеван шурӯъ мекунанд. Дар гузашта баъзе занҳо ҳамчун нишони мусибат мӯйҳои бофтаи худро мекушоданд, даст ба сари худашон мезаданд, мӯйи сарашонро меканданд, рӯяшонро бо нохунҳо мехарошиданд. Занҳову духтарон аз ғояти ғаму андӯҳ мӯйҳои паси гӯшашонро бо қайчӣ мебуриданд. Дар аксари минтақаҳо занҳое буданд, ки дар рӯзи мусибат ҳамроҳи аҳли хонавода баланд гиряву нола карда, байту рубоиҳои ғамангез месуруданд. Ин гуна шахсонро «овозандоз» (Регар), «гӯянда» (Ҳисор), «нолакун» (Файзобод, Ромит, Қаротегин), «ҳайдареғхон» (Дарвоз), «навҳагар» (тоҷикони Сариосиё), «қушовоза» (Ҳисор, Оби Гарм) меномиданд, ки овозандозиро ба худ як навъ касб карда буданд. Яке аз ойинҳои хеле қадимаи тоҷикон рақси маросимии рӯзи дафн мебошад, ки онро бо истилоҳҳои «садр», «самаъ» ва «судур» ном мебурданд. Садрравӣ рақси гурӯҳӣ буд, ки онро занҳо дар рӯзи дафни майити ҷавонмарг иҷро мекарданд. Дар навоҳии Бадахшон рӯзи дафн занҳо ва баъзан мардҳо рақси «Пойамал»-ро иҷро мекарданд. Ин рақс ғаму андӯҳи зиёд доштанро ифода мекард. Пас аз хондани намози ҷаноза ва маросими дафни майита, мардҳо ба хонаи азодор омада, сураву оятҳоро аз Қуръони маҷид тиловат мекунанд ва ба арвоҳи шахси фавтидаву гузаштагони он хонадон мебахшанд. Дар мурдахона то се рӯз хӯрок пухтан мамнуъ аст. Таомро ҳамсоягону хешовандон меоранд. Рӯзи сеюм маросими себегаҳа бе додани таом гузаронида мешавад, ки онро «хонаҳалолкунон», «сиёҳибуророн», ё «сиёҳишувон» меномиданд. Дар ин маросим ҳамсояву дӯстон ва хешовандон омада, дуову оятҳои Қуръонро хонда, ба рӯҳи шахси фавтида мебахшанд. Маросими «чил» («оши чил», «оши калон») нисбатан маъракаи калон ба шумор рафта, дар рӯзҳои 35-37-уми пас аз фавти майита созмон дода мешавад. Ба он аҳли деҳа, гузар ва хешони дуру наздик то 80 нафар даъват мешаванд. Дар он чорпое забҳ мешавад ва барои меҳмонон оши палав ё хомшӯрбо пухта медиҳанд. Занҳо атолаи сафедаку тарҳалво ва қатлама мепазанд. Сокинони водиҳои Қаротегину Ҳисор маъракаи чилро як навъ маросими «хотирҷамъии арвоҳ» ва «азобуроён» медонистанд. Пас аз барпо кардани ин маросим азодорон қисман аз мотаму азо берун меомаданд. Дар баъзе деҳаҳои водии Зарафшон дар солҳои пеш мардҳо то маросими чил мӯйи сар ва риш наметарошиданд. Дар муддати чил рӯз ба занҳо суруду мусиқӣ гӯш кардан, ба меҳмонӣ рафтан, дар тӯю сури дигарон иштирок кардан иҷозат набуд. Дар муддати азодорӣ занҳои хонавода то ба гузаштани як соли пурра либосҳои бегул ё камгули сафедранг мепӯшанд. Бо гӯшвору ангуштарину зевар худро оро намедиҳанд. То як сол ба ҷашну хурсандиҳо намераванд. Танҳо баъд аз баргузории маросими оши сол ин амалҳо иҷозат дода мешавад. Азодории мардҳо андаке сабуктар буда, онҳо то маросими чил азодорӣ мекунанд, баъд аз он, одатан, ба тӯю маъракаҳои дигарон мераванд. Маросими оши сол низ ба монанди маъракаи чил нисбатан калону серодам мегузарад. Оши сол ҷамъбасти марҳилаи азодорӣ ба шумор меравад.[1]

Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан, баъд аз тасвиби «Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007) бо хоҳишу талаби худи мардум бисёр маросиму одатҳои зиёдатии серхарҷ барҳам дода шуданд, ки ин амр ба оилаҳои азодор сабукиҳо овард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Баъд аз 10 соли амали қонуни номбурда баъди муҳокимаи умумихалқӣ дар ҷомеа, мақомоти олии қонунгузори ҷумҳурӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 августи соли 2017) ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 августи соли 2017) Қарор Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намудаанд.[2]

Тағйиру иловаҳои асосӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар моддаи 11:

  • - қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
  • «Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд.»;
  • - қисми 3 хориҷ карда шавад;
  • - қисми 4 қисми 3 ҳисобида шуда, пас аз калимаи «азодорӣ» калимаҳои «забҳи чорво ва додани таом,» илова карда шаванд;
  • - қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
  • «Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд».[2]

Дар моддаи 14:

  • - дар қисми 1 калимаи «Иштироки» ба калимаи «Хизматрасонии» иваз карда шавад;
  • - қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
  • «Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо ӯҳдадоранд хидматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.
  • Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад».[2]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аҳмад, Р. Ҷойгоҳи маросим ва аъёди исломӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик. – Теҳрон: Интишороти Ал–ҳудо, 1388 ш. – Боҳуруфи форсӣ.
  • Зеҳниева, Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. – Душанбе,1978.
  • Мардонова, А. Традиционные похоронно – поминальные обряды таджиков Гиссарской долины (конца XIX– начала XX)в.в. – Душанбе: Дониш, 1998.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 108-109. – 280 с.
  2. 2.0 2.1 2.2 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»(тоҷ.). jumhuriyat.tj. 19 марти 2019 санҷида шуд.