Мартин Андерсен-Нексё
дан. Martin Andersen Nexø | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | дан. Martin Andersen |
Таърихи таваллуд: | 26 июн 1869[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1 июн 1954[4][1][2][…] (84 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): |
|
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, нависанда, зиндагиноманавис |
Солҳои эҷод: | аз 1902 |
Жанр: | румон |
Забони осор: | забони даниягӣ[1][2] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ма́ртин А́ндерсен-Не́ксё (дан. Martin Andersen Nexø (номи хонаводагии ҳақиқӣ — Андерсен; тахаллус Нексё); 1 (26) июн 1869, Копенҳаген, Дания — 1 (1) июни 1954, Дрезден, ҶДО) — нависандаи даниягӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Фаъолияти меҳнатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориаш аз омӯзгорӣ дар мактаби халқӣ оғоз гардидааст. Соли 1919 ба Ҳизби коммунистии Дания, ки худ яке аз асосгузоронаш буд, дохил шудааст. Баъди ба тасарруфи Германияи фашистӣ даромадани Дания Андерсен-Нексё дар Шветсия паноҳ бурд. Солҳои 1944—1945 дар ИҶШС зиндагӣ кардааст. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба Дания баргашт. Охири умраш дар собиқ Ҷумҳурии Демократии Германия сипарӣ шуд. Соли 1950 ба ҳайати Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ интихоб шуд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳояш аз соли 1893 чоп шудаанд. Китобҳои машҳуру маъруфи ӯ романҳои «Пелеи фотеҳ» (ҷилди 1 — 4, 1906—1910) — дар бораи фарзанди хидматгор ва сарнавишти ӯ, «Дите — фарзанди инсон» (ҷилди 1 — 5, 1917—1921) — тақдири зане аз мардуми одӣ ва ғайра мебошанд. Романи сегонаи таърихии «Мортени Сурх»-ро Андерсен-Нексё асари ёддоштӣ, тарҷумаиҳолӣ номидааст.
Тарҷумаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Порае аз асари Андерсен-Нексё «Ба истиқболи рӯзи нав» (1923) соли 1967 ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст.
Хотира
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Дания бунёде ба номи Андерсен-Нексё таъсис ёфтааст ва аз ҳисоби он мукофоти адабӣ ба эҷодкорон дода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 90. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Андерсен-Нексё Мартин // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Крымова Н., Погодин А., Мартин Андерсен Нексе, М., 1960.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андерсен-Нексё, Мартин // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.