Мастона Азизова
Намуди зоҳир
Мастона Азизова | |
|---|---|
| Мастона Ҳамидовна Азизова | |
| Таърихи таваллуд | 12 апрел 1983 (42 сол) |
| Зодгоҳ | Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | филология |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Мастона Азизова (тав. 12.04.1983, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд) — олима, омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2006 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров-ро хатм кардааст. Ихтисос филолог, муаллимаи забони англисӣ
- Солҳои 2006 - 2008 – Сарлаборанти кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
- Солҳои 2008-2017 – Муаллимаи кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
- Декабри соли 2016 - то ҳол – Раиси Кумитаи маҳаллии иттифоқи касабаи факултети забонҳои хориҷӣ
- Аз 30.06. 2017 то ҳол – сармуаллимаи кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[1]