Jump to content

Мастура Ортиқзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мастура Ортиқзода
Таърихи таваллуд: 8 январ 1968(1968-01-08) (56 сол)
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, бозигари синамо, коргардони филм, садогузор
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 6902356

Мастура Ортиқзода (Ортиқова Мастура Ҷорубовна[1]; зод. 8 январи 1968, ҶШС Тоҷикистон) — коргардони театр, садогузор ва ҳунарпешаи театру синамо. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2018)[2][3]. Узви Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон (2009).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи бахши актиёри драма ва кинои фтаи театрии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (1989). Ҳунарпешаи театр-студияи «Полуостров» (1989—1991), ҳунарпешаи Театри Лоҳутӣ (аз соли 1991) мебошад. Дар филмҳои тоҷикӣ аз соли 1990 нақш офаридааст. Ҳамчунин, ба ҳайси ҳунарпешаи тарҷумон (дубляж) низ дар киностудияи «Тоҷикфилм» нақш мебозад.

Дар намоишномаҳои Наргис дар «Тарсу»-и Н. Табаров, Модар дар «Роҳгумзада»-и Д.Убайдуллоев, Ситора дар «Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н.Абдуллоев, Мастура дар «Драмаи миллат»-и С.Аюбӣ, Назокат дар «Суробҳо»-и Н. Табаров, Шарлотта дар «Дон Жуан»-и Ж. Б. Молйер, рӯбоҳ дар «Шерафган»-и Қ. Сатторӣ, Бону дар «Дод аз дасти Афандӣ»-и Ғ. Ашӯров, Модар дар «Ҳамсафар»-и Р. Қудратов, ҳамсоязан дар «Куҷо равонаем»-и Н. Абдуллоев, Устинова дар «Ҳисоби дӯстон дар дил»-и А. Островский, Смиралдина дар «Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони, Наргис дар «Чодари найранг»-и Т. Аҳмадхонов, Дилоромхола дар «Бояд донем ва тавонем»-и А. Абдураҳмонов, ҳамсари заргар дар «Қиссаи ғамгину рангин»-и Т. Аҳмадхонов, «Дузди боинсоф», «Меҳмони нохонда», «Мусичаро напаронед»-и Н. Табаров нақш бозидааст.

  • 1991 — Бародар
  • 1998 — Парвози занбӯр
  • 2009 — Қиёми рӯз
  • 2010 — Баррачаи хаёлӣ

Ба ҳайси коргардон бошад филмҳои «Қарзи виҷдон» ва «Фарзандони бегуноҳ»-ро ба тамошобинон пешкаш намудааст. Дар ҷодаи коргардонии дубляж низ ҳунари худро санҷидааст[4].