Матбаа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чопи рӯзнома дар Кобул, Афғонистон.

Матбаа - чопхона, корхонаи саноати полиграфӣ, ки навъҳои гуногуни маҳсулоти чопӣ (китоб, рисола, маҷаллаву рӯзнома ва ғайра) нашр менамоянд.

Матбаа - макони ба чоп расонидани воситаҳои ахбори оммаи чопӣ.[1]

Бори аввал соли 1445 дар Олмон матбаа таъсис ёфта буд. Матбаа ба Осиёи Миёна аз Россия омад, пеш аз интиқоли китобхоро ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар матбааҳои Канпур, Деҳли, Бамбай, Калката, Самарқанд, Тошканд ва дигар шаҳрҳо чоп мекарданд.

Чопхонаҳои муосир акнун танҳо маҷмӯи мошинҳои гуногун нестанд, балки як шабакаи пурраи технологияи баланд ва дақиқ, ки ба шумо имкон медиҳад натиҷаҳои хуб ба даст оранд, сифати баландро таъмин кунанд ва муҳимтар аз ҳама арзиши чоп ва нашри китобҳоро коҳиш диҳанд, ки ин ҳангоми интишори нусхаҳои калон муҳим аст.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]