Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Матлуба Ҳақназарова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Матлуба Ҳақназарова
Матлуба Абдумаҷидовна Ҳақназарова
Таърихи таваллуд 7 октябри 1961(1961-10-07)
Зодгоҳ Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 16 июни 2025(2025-06-16) (63 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Беморхонаи марказии н. Темурмалик, клиникаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Тоҷикистон,Маслиҳатхонаи занонаи рақами 3-и Душанбе, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ИҶШС

Матлуба Абдумаҷидовна Ҳақназарова (7 октябри 1961, Кӯлоб — 16 июни 2026) — доктори илми тиб (2012).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Матлуба Ҳақназарова 7 октябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм намуда, дар интернатураи он хондааст.

Солҳои 1985—1988 акушер-гинекологи Беморхонаи марказии н. Темурмалик, 1988—1990 ординатори клиникии кафедраи акушерӣ-гинекологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, 1990—1993 акушер-гинеколог ва мудири Маслиҳатхонаи занонаи рақами 3-и Душанбе, 1994—2001 сардухтури клиникаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Тоҷикистон, 2001—2005 хидмат дар ҷумҳурии Яман, 2005—2008 муовини декани факултаи тибби умумӣ ва муолиҷавӣ, солҳои 2005–2008 ҷонишини декани факултетҳои умумитиббӣ ва муолиҷавӣ, солҳои 2008–2013 декани факултети фарматсевтӣ ва дотсенти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2013–2016 вазифаи директори Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Солҳои 2016—2021 бошад, мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1-и ДДТТ буд. Солҳои 2021—2022 ба ҳайси профессори кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият бурдааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Перомуни ҷанбаҳои клиникию эпидемиявӣ ва тиббию иҷтимоии фавти занон дар Тоҷикистон ва роҳҳои кам кардани он, солимии насловарии занон ва ғайра беш аз шаст кори илмӣ ба нашр расондааст.

  • Принципы терапии больных хламидийной инфекции. Методическое указание. — Д., 2007;
  • Репродуктивное здоровье женщин при инфекциях, передающихся половым путем: Дисс… доктора мед. наук. — М., 2011.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — 728 с.