Матлубхон Давлатов
Матлубхон Давлатов | |
---|---|
Таваллуд |
17 январ 1950 (71 сол) ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Матлубхон Давлатов (17 январи 1950, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зиндагинома[вироиш]
Матлубхон Давлатов 17 январи соли 1950 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.
Соли 1970 факултети иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Номзади илми иқтисод. Солҳои 1972—1983 корманди хурди илмӣ, аспирант, корманди калони илмӣ, мудири сектори Донишкадаи иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Солҳои 1983—1988 котиби Партияи коммунистии Академияи илмҳои республикаҳои советии сотсиалистии Тоҷикистон.
Солҳои 1988—1990 корманди илмии Донишкадаи иқтисодии Академияи илмҳои республикаҳои советии сотсиалистии Тоҷикистон.
Соли 1994 раиси Кумитаи амволи давлатӣ.
Ҳамчунин, аз октябри соли 2001 ба ҳайси раиси комиссияи ҷумҳурӣ оид ба хусусигардонии амволи давлатӣ ва аз соли 2006 раиси Кумитаи давлатии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз 31-уми январи соли 2006 ба ҳайси мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.
Моҳи марти соли 2010 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин гардид.
Аз 5 январи соли 2012 муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Эзоҳ[вироиш]
Пайвандҳо[вироиш]
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 17 январ
- Зодагони соли 1950
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Данғара
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Вазирони Тоҷикистон
- Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо