Маша ва Хирс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Маша ва Хирс» (рус. «Маша и Медведь») — сериоли мултипликатсионии Русия, ки студияи аниматсионии «Анимаккорд» сохта ба ҳамагон пешниҳод кардааст. Аз 7 январи соли 2009 намоиш дода мешавад. Ин мултфилм бо ёрии графикаи сеченака (3D) сохта шудааст. Дар нақши Маша ҳунарпеша Алина Кукушкина овоз медиҳад.

Дар шабакаҳои телевизионии Русия; «Карусель», «Мульт», «Суббота» ва ғ. намоиш дода мешавад. Дар Тоҷикистон сериоли мултипликатсионии «Маша ва Хирс» аслан аз ТВ Баҳористон намоиш дода мешавад.

Соли 2011 аввалин спин-офф бо номи «Афсонаҳои Маша», ки аз 26 сериол аз рӯи афсонаҳои халқи рус ва дигар афсонаҳо намоиш дода шуд.

Соли 2014 дуюмин спин-офф, бо номи «Ҳайбатҳои Маша» намоиш дода шуд.

Аз 31 майи соли 2019 фасли чорум, таҳти номи «Сурудҳои Маша» ба намоиш баромад.

Аз 30 июли 2020, фасли панҷум дар шакли намоишро оғоз кард.

16 июни соли 2021, намояндагони студияи «Анимаккорд» эълон кардаанд, ки то соли 2025 сохтани саргузашти «Маша ва Хирс»-ро ба роҳ мемонанд.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%9C%D0%B0%D1%88%D0%B0_%D0%B8_%D0%9C%D0%B5%D0%B4%D0%B2%D0%B5%D0%B4%D1%8C