Маъбуд Муслимов
Таърихи таваллуд | 1 май 1972 (52 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ҷайҳун, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Маъбуд Умедхоҷаевич Муслимов — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1979), дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муслимов Маъбуд хатмкардаи шуъбаи арабии факултети шарқшиносии ДМТ (1995), аспирантураи ДМТ (2000). Аз соли 1996 омӯзгори ҳамин донишгоҳ. Соли 2006 таҳти унвони «Воҳидҳои фразеологии забони адабии муосири тоҷик бо унсурҳои луғавии арабӣ» рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Соли 2007 муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ ва аз соли 2011 то ҳол дотсенти кафедраи мазкур. Муаллифи 1 монография, 3 дастури таълимӣ ва зиёда аз 20 асару мақолаи илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Воҳидҳои фразеологии забони адабии муосири тоҷик бо унсурҳои луғавии арабӣ.– Душанбе, 2009; Забони тоҷикӣ (Замимаи китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои геология ва кимиё). – Душанбе: «ЭР-граф», 2009 (ҳаммуаллиф); Маҷмӯаи саволҳои тестӣ аз фанни забони тоҷикӣ. –Душанбе, 2009 (ҳаммуаллиф); Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултети кимиё).–Душанбе, 2012 (ҳаммуаллиф).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кафедраи забони тоҷикӣ, Маъбуд Умедхоҷаевич Муслимов(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 28 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.