Jump to content

Маъмурҷон Утаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маъмурҷон Утаев
Маъмурҷон Маҳмадалиевич Утаев
Таърихи таваллуд 20 август 1967(1967-08-20) (57 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев

Маъмурҷон Маҳмадалиевич Утаев (тав. 20.08.1967, шаҳраки Октябри н. Ҳисор) — муаллими забони англисӣ, номзади илмҳои педагогӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маъмурҷон Утаев Солҳои 1986–1991 дар факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Солҳои 1986–1988 дар сафҳои артиши шуравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон хизмат кардааст. Солҳои 1989–1992 мудири кабинети забонҳои хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1992–1995 муаллими забони англисӣ ва ҷонишини директор дар мактабҳои миёнаи №21 ва №67-и н. Шаҳринав, 1995–1997 ассистенти кафедраи забони англисии Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистон буд. Солҳои 1997-2000 ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ , солҳои 2000-2004 ба ҳайси саромӯзгори кафедраи методикаи таълими забони англисӣ, солҳои 2004- 2005 муовини декан оид ба таълим дар факултети забони англисӣ, солҳои 2008-2009 ба сифати мудири кафедраи забони англисӣ (умумидонишгоҳӣ), солҳои 2013-2014 муовини декан оид ба илм дар факултети забони англисӣ, солҳои 2014-2016 мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ, соли 2016 то ҳол мудири кафедраи филологияи забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмию методӣ мебошад ки дар онҳо масъалаҳои баланд бардоштани шароити таълими забони англисӣ дар мактаби олӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтаанд.

  • «За боевие заслуги» (1987),
  • «Аз мардуми сипосгузори афғон» (1987),
  • «Ҷанговари интернатсионалист» (1989),
  • «70 лет Вооруженних Сил СССР» (1986),
  • «5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995),
  • Ифтихорномаҳои ИҶШС ва Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС мукофотонида шудааст.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ