Jump to content

Мақсуда Абдусаломова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақсуда Абдусаломова
Мақсуда Неъматовна Абдусаломова
Таърихи таваллуд 20 декабр 1938(1938-12-20) (85 сол)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти олии технологии ш. Ленинград
Ҷоизаҳо Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997)

Мақсуда Абдусаломова (Мақсуда Неъматовна Абдусаломова; тав 20 декабри 1938, Самарқанд), — кимиёшинос, доктори илмҳои химия (1988), профессор (1990), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақсуда Неъматовна Абдусаломова 20 декабр и 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Хатмкардаи Институти олии технологии ш. Ленинград (1959). Лаборанти калони Институти химияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1960—1961), аспиранти Институти металлургияи АИ СССР (1961 — 64), мудири бахш (1965 — 76) ва мудири лабораторияи пайвастҳои нимноқили (1976—1998) Институти химияи Академияи илмҳои Тоҷикистон. Аз соли 1998 ходими калони илмии ҳамин институт. Роҷеъ ба хусусияти пайвастҳои мушкилгудоз ва корбасти онҳо дар таҳияи элементҳои гуногун ва металлҳои пластикӣ, муайян намудани қонуниятҳои барқа­рории диаграммаҳои фазавӣ, алоқамандии пайвастҳои электронии элементҳо, хусусан антимонидҳо ва вис­мутидҳо, дарёфти технологияи синтези пайвастҳои нави нимноқилӣ ва ғ. тадқиқот анҷом додааст. Мақолаҳои илмиаш дар мамолики хориҷӣ низ ба табъ расидаанд.[1]

  • Антимониды. — Душанбе, 1977;
  • Висмутиды. — Душанбе, 1978;
  • Антимониды и висмутиды редкоземельных элементов. — Душанбе, 1978;
  • Гендер и техника. — Душанбе, 2005;
  • Преподаватель гендера на технических и естественных факультетах университетов.  — Душанбе, 2005.[2]
  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. — C.13 (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А — АСОС)- Душанбе, 2012