Маҳаллаи 63 (шаҳри Душанбе)
Зоҳир
Маҳаллаи 63 — маҳаллаест дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар соҳили дарёи Душанбе ҷойгир шудааст.
Дар атрофи ин маҳалла хиёбони Неъмат Қаробоев, кӯчаи Фирдавсӣ, маҳаллаи 61-ум ва кӯчаи Қосимов ҷойгиранд. Ин маҳалла аз ҷануб ба шимол дар масоҳати 0,692 км ва аз ғарб ба шарқ дар масоҳати 0,744 км тул кашидааст.
Иншоотҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар маҳаллаи 63-юми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муассисаҳои зерин ҷойгиранд:
- Маркази савдои Суғдиён
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 (кӯчаи Фирдавсӣ 93/2)
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 (кӯчаи Фирдавсӣ 87/1)
- Муассисаи томактабии № 128
- Муассисаи томактабии № 134
- Филиали Спитамен бонк
- Бонки Ҳумо
- Маҷмааи тансиҳатии «Ромашка»
- Идораи манзилии № 7
- Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
- Гулгашти Искандаров
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳаллаи 63-юми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе солҳои 70-уми асри ХХ бунёд шуда, асосан аз хонаҳои иқоматии серошёна ва иншоотҳои ёрирасон иборат аст. Ҳоло ин ҷо сохтмони биноҳои баландошёна ва марказҳои савдою хизматрасони аз нав ба роҳ монда шудаанд.
Нақлиёти ҷамъиятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз атрофи ин маҳалла нақлиётҳои зерини ҷамъияти мегузаранд:
- Троллейбусҳои 4 ва 12
- Автобусҳои 2 ва 18
- Микроавтобусҳои 55