Маҳкам Зубайдуллоев
Таърихи таваллуд | 15 март 1949 (75 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Кӯлиоб, ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1974) |
Маҳкам Зубайдуллоев (15 марти 1949, деҳаи Кӯлиоб, ноҳияи Орҷонкидзеобод) — овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1981—1985) ғоибона хонда, беш аз ду даҳсола дар ҳайати дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият доштааст. Бо овози нарму ширин ва сабки хоси хониш таронаҳои тоза зиёд ба хидмат овардааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Тақрибан шаст сурудаш дар хазинаи Радиои тоҷик маҳфузанд, ки «Ошиқони лола», «Чароғи ишқ», «Симинзакан», «Муборакат бод», «Тамошои чаман», «Гули шабнамзада», «Ёд аз ман», «Шакар бишкан», «Гул ба канор», «Эй ҳамватанон», «То кай», «Заврақи умед», «Ишқи зиндагӣ», «Нишон надорад», «Дили ман», «Сарвиноз», «Ҳилол», «Номи зан», «Наболидан ситам бошад», «Ошёнафрӯз», «Сӯзи ҳаҷр», «Эй сарвиноз», «Муҳаббат», «Гулбадан», «Бинам туро», «Зинда будан давлат аст», «Ту гувоҳӣ», «Хуршеди ишқ», «Тири ишқ», «Заврақи умед», «Равнақи гулзор», «Бурдӣ дилам», «Тариқи ошноӣ», «Хаёли абрӯ», «Ба рафторе, ки меоӣ», «Надида меравам» намунае аз онҳоанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.