Маҳмадалишо Музофиршоев
Намуди зоҳир
Музофиршоев Маҳмадалишо Ҳокимшоевич | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 27 июл 1961 (64 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | фиолология |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
| Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Маҳмадалишо Музофиршоев — филолог, номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадалишо Музофиршоев хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1989). Муаллими фанни алифбои ниёгон дар мактаби таҳсилоти умумии №51, ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) (1989-1991), омӯзгори фанҳои алифбои ниёгон, забон ва адабиёти тоҷик дар м.т.у. № 26 ва 28 н. Шуғнон (1992-1995), ҷонишини директор оид ба тарбия дар Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, Душанбе ва омӯзгори фанҳои алифбои ниёгон, забон ва адабиёти тоҷик дар литсеи №55 Душанбе(1995- 2003). Аз соли 2004 муаллими калони кафедраи забони муосири тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ, Маҳмадалишо Музофиршоев(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.