Jump to content

Маҳмадалӣ Ватанзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Маҳмадалӣ Ватанов)
Маҳмадалӣ Ватанзода
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло
парчам
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният
аз 11 апрели соли 2025

Таваллуд 1 феврал 1962(1962-02-01) (63 сол)
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (аз соли 1991)
Эътиқод Ислом
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «30 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «За укрепление Содружество» ва медали ҷашнии «20 солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ»

Маҳмадалӣ Ватанзода ( Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло 1 феврали 1962, ноҳияи Фархор) — ҳуқуқшинос, сиёсатмадор. Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният. Мушовири давлатии адлияи дараҷаи якум, Генерал-полковники адлия, Мушовири давлатии хидмати давлатӣ, Судяи дорои тахассуси олӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмадалӣ Ватанзода 1 феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Фаъолияташро соли 1985 аз вазифаи нотариуси идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фархор оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои судяи суди вилояти Кӯлоб, судяи суди вилояти Хатлон, муовини раиси суди вилояти Хатлон, иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилояти Хатлон, Раиси суди шаҳри Душанбе, муовин ва муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашум фаъолият намудааст.

Солҳои 2010—2016 — Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси комиссия доир ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил буд.

Солҳои 2016—2019 ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 4 марти соли 2019 то 6 марти соли 2020 дар вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.[1] 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, то 19 марти соли 2025 кор намудааст. Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло 3 апрели соли 2025 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, санаи 11 апрели соли 2025 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шудааст.

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали «20 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «30 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» инчунин аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо медали «За укрепление Содружество» ва медали ҷашнии «20 солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ» қадршиноӣ гардидааст.[1]