Маҷид Ҳомидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҷид Ҳомидов
Таърихи таваллуд 16 феврал 1907(1907-02-16)
Зодгоҳ шаҳри Чуст, вилояти Намангон
Таърихи даргузашт 1994(1994)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1947)

Маҷид Ҳомидов (16 апрели 1907, шаҳри Чуст, вилояти Намангон — 1994, Душанбе) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1947).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунари сарояндагиро аз падару амакаш ёд гирифта, соли 1932 ба водии Вахш омад ва дар ободонии он саҳм гирифт. Солҳои 1935—1940 сарояндаи Театри мусиқии тоҷик, 1941—1961 овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1961—1969 ҳофизи мақомхони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд. Дар хондани «Шашмақом» маҳорати баланд дошт, «Оромиҷон», «Гиря», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Бебокча», «Синахурӯш», «Талқинча», «Соқинома», «Уфар» ва дигар оҳангҳоро накӯ месуруд. Табъи шоирӣ дошт, ба баъзе шеърҳояш аз қабили «Баҳор омад», «Гулистон шуд», «Ба қаҳрамондухтар», «Хуршеди инқилоб», «Қаҳрамо¬ни мо шудӣ» худ оҳанг баста, замзама намудааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.