Jump to content

Маҷмӯъаи Ганҷалихон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҷмӯъаи Ганҷалихон
Нигора
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Шаҳристони Кирмон[1][3]
Макони кунунӣ
Фармоишгари осор Ganj Ali Khan[d]
Сабки меъморӣ Safavid architecture[d][3][4]
Таърихи ифтитоҳи расмӣ 1629[4]
Навъи асари бостонӣ Iranian National Heritage[d][1][3]
Одрес مجموعه گنج علی خان[1][3]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ганҷалихон (форсӣ: گنج‌علی خان‎) — маҷмӯи биноҳо дар шаҳри Кирмони Эрон марбут ба давраи Сафавиён ва ибтидои давраи Қоҷориён.

Дар давраи шоҳ Аббоси аввали Сафавӣ аз дасти ва ҳокими Кирмон Ганҷалихон ва писари ӯ Алимардонхон дар охири давраи Оқомуҳаммадхони Қоҷор сохта шудаанд. Маҷмӯъаи Ганҷалихон шомили як майдони бузург (дарозиаш 100 м, бараш 50 м) аст, ки дар гузашта майдони марказии шаҳр буд. Атрофи он тоқҳое монанди майдони «Нақши ҷаҳон»-и Исфаҳон ва гунбаде дошт. Намои дохилии гунбад гачкорӣ ва наққошӣ шуда буд. Дар шарқи майдон як корвонсаройи чаҳордевории дутабақа аст, ки дар намои дохилии сардари он тасвири як аждаҳо бо сабки муғулӣ дар рӯйи кошиҳои рангин наққошӣ шудааст. Дар рӯйи кошиҳои хуштарҳи он номи меъмори бино ва муқарнасҳову тазйиноти дигар — усто Султонмуҳаммади Меъмори Табрезӣ, Алиризо Аббосӣ — нависандаи катибаҳо ва таърихи 1008 ҳ. қ. (1599 м.) сабт аст. Дар гӯшаи шарқии майдон ҳамчунин мадраса, масҷид ва бинои зарробхона (ҳоло ба Музейи сикка табдил шудааст) воқеъ аст. Масҷид бисёр зебо ва олӣ буда, даруни он гачкориҳо ва наққошиҳои зарифу муқарнаскории шево дида мешаванд. Дар он катибаи олии қуръонӣ бо хатти сулси Шаҳобуддини Кирмонӣ кандакорӣ, номи устод Султонмуҳаммади Меъмори Табрезӣ ва таърихи 1008 ҳ. қ. (1599 м.) навишта шудааст. Дар шимоли майдон бозори Ганҷалихон ё арк воқеъ буд, ки имрӯз бахше аз бозори мисгарӣ мебошад. Дар ҷануби майдон, дар бозори бузург, ҳаммоми Ганҷалихон бо сардари зебои кошикорӣ ва наққошишуда қарор дорад, ки дар хонаи либоскашии ҳашткунҷаи он чанд ҳавз низ мавҷуданд. Дар ҳаммом барои ҳаммом кардани рӯҳониён, хоҷагон, ашрофон, хонҳо, бозориҳо ва омма қисматҳои махсус вуҷуд дошт. Изораҳои ғурфаҳои он то боло кошикорӣ шуда, як қисматҳои деворҳо бо санги мармар сохта ва баъзе қисматҳояш наққошӣ шудааст. Гунбади сақфи хонаи либоскашӣ низ бо наққошӣ, муқарнаскорӣ ва гачбурӣ тазйин шудааст. Гармхонаи ҳашткунҷаи ҳаммоми хон мармарӣ аст ва тоқи гунбадии он бар ҳашт сутун қарор гирифта, як шоҳнишин дорад (дар гузашта чанд фаввора ҳам доштааст). Дар сардари ҳаммом катибаи шеърие бо хатти настаълиқ навишта шудааст, ки аз моддаи таърихи он − соли 1025 ҳ. қ. (1616 м.) ба даст меояд. Ҳаммоми Маҷмӯъаи Ганҷалихон аз даҳаи охири соли 1340 ҳ. шаҳри (1962 м.) барои нишон додани тарзи ҳаммом кардани табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ дар гузашта ба музейи мардумшиносӣ табдил дода шудааст. Дар ғарби майдони хон ва миёнаҷойи бозори хон обанбори Алимардонхон бо 40 зинапоя, чаҳор сутун ва ду бодгир воқеъ гардидааст, ки сардари кошикорӣ ва изораи сангии кандакоришуда дорад.