Маcҷиди Хонақоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маcҷиди ҷомеи Хонақоҳ — ёдгории меъмори дар деҳаи Хонақоҳи дар Ноҳияи Ҳисор аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз муридони Шайх Лутфуллоҳи Чустӣ (Хоҷаназар) пас аз қарор гирифтан дар деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ барои пирашон масҷиде бино намуда будааст. Он шахс то охири умри хеш дар ин мавзеъ иқомат дошта, дар тарғибу ташаккули тариқати нақшбандия дар Ҳисори Шодмон саҳмгузорӣ мекунад. Шогирдони зиёдеро тарбия карда, дар ҳамин деҳа фавтидааст. Пас аз даргузашти ӯ масҷиди ба номи вай бино намудаи муридонаш дар қисми ҷан. бинои масҷиди ҷомеи имрӯза мавҷуд будааст, дар а.18 ва 19 шахси савобҷӯйе он масҷидро тармим ва ё аз нав сохта будааст, вале то ибт. а.20 аз он бинои масҷид нишоне намонда, сақфу равоқ ва гумбазми он фӯру мерезад. Тахминан дар байни с.1912-1913 бори саввум аз тарафи устоҳои гулдаст-Асад Абдулҳазири Ҳаким ва Муҳаммади Солим маҷиди барҳаво ва бо усули меъмории шарқӣ бино карда мешавад, ки нақшу нигори он ва кошинкориҳояш хеле назаррабо мебошанд. Дар бунёди ин иморат устоҳо ва ҳунармандони моҳир аз дигар гӯшаҳои вилоят низ таклиф шуда будаанд. Масалан, устои гачкор- Ҳусайни Афғон (аз деҳаи Искич), наққош ва хаттот – Домулло Муҳаммад (аз деҳаи Ҳисор) ва дигарон дар сохтмони ин масҷид саҳм гузоштаанд. Матнҳои сақфу девор ва сутунҳои он аз сабаби беназоратии ворисон ва ҳангоми ба анбори к-з табдил додани масҷид тӯли солҳои 1937-1971 дар таъсири обу ҳаво нисбатан хароб ва кӯр шудаанд. С.1994 тармими навбатии масҷид сурат гирифт. Пешдолон (айвон) бо девор маҳкам карда шуд. Сутунҳои онро аз самти шарқии он гузоштанд, пешдолон ва боми нав сохтанд. Тамоми дару девор ва сақфу меҳроби онро бо гаҷи кимиёвӣ (алибастер) рӯйкашу руйпӯш намуда, дар натиҷаи чунин «навсозӣ» ва «замонасозӣ» ба хотири ободонии асҷиди қадима «тешае бар решаи таърих» заданд. Дар сутуни байни хонақоҳ (саҳни дарунии масҷид) чунин навиштаҷоти тира ва ҷо-ҷо нохоно бо хатти настаълиқ ба чашм мерасанд: «Масҷиди Хонақоҳ аз дасти камина – усто Асад Абдулҳазири Ҳаким ва Муҳаммад Салим… соли 1333 (ҳиҷрӣ) буд, ки тамом ёфт. Тавре ки дида мешавад матнро устои аввала навиштааст. Қисми мобайнии ин навиштаҷот хароб гардидааст, ки хонданаш номумкин аст. Дар қисми ҷан. ш.–қӣ, дар саҳни масҷид як чанори куҳан мавҷуд аст. Биноҳои наве, ки дар сояи он сохта шудаанд, вазифаи таҳоратхона, амборхона, фароғатхона ва чойхонаро адо менамояд. Ҳамзамон бинои кумитаи маҳаллӣ ҳисобида мешавад. Ҳоло дар ин масҷид намозҳои идайн ва ҷумъа хонда мешавад, ки имомхатиби он Мулло Муҳаммадраҷаби Муҳаммадраҳим (аз деҳаи Шол) мебошад. С.2014 аз сабаби аз нав сохтани бинои масҷиди замонавӣ бинои масҷиди қадимаро ба пуррагӣ аз миён бардоштанд.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • С.Эшзода. Масҷиди ҷомеи Хонақоҳ, Дурдонаи Алмосӣ, Душанбе,2001.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558ғ360