Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Искич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Искич
Истганҷ
Кишвар  Тоҷикистон
Мақом шаҳри Ҳисор
минтақа НОҳияҳои тобеъи марказ
Ҷамоат Деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 2543 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Искич — деҳа дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст. Масофа аз деҳаи Искич то маркази Ҷамоъат 5 км, то маркази шаҳри Ҳисор 16 км - ро дар бар мегирад. Аҳолиаш 2543 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Аз рӯи гуфтаҳо номи деҳа аввал Истганҷ будааст, ки маънояш сарзамини ҳосилхез, ҷойи ганҷ мебошад[2]. Бо мурири замон номи деҳа ба Искич табдил шудааст.

Дар деҳаи Искич мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7, маркази саломатӣ, масҷиди панҷвақта, осиёб ва якчанд нуқтаҳои савдо амал мекунанд[2]. Инчунин боғҳои калони себ ва ангур мавҷуд аст.

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 1 2 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 270