Мевапарварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мевапарварӣ — илмест, ки сохт, сабзишу инкишоф, афзоиш ва самароварии дарахтони меваро омӯхта, усулҳои боэътимоди нигоҳубини онҳо ва тадбирҳои судманди ниҳолпарвариро таҳия месозад.

Мевапарварӣ дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон оид ба боғдорӣ дар Институти боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, инчунин муассисаҳои марбути он (филиали ба номи И. В. Мичурини вилояти Суғд, Стансияи таҷрибавии зироати субтропикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, Стансияи таҷрибавии Файзобод ва ғайра), ДАТ, Институти биологияи Помир, Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустанӣ таҳқиқот мебаранд. Олимони ҷумҳурӣ ҳанӯз солҳои 30 садаи XX ноҳияҳои асосии боғу токдориро таҳқиқ намуда, барои ба шароити маҳал мутобиқ кардани меваҳои нав (лиму, афлесун, хурмо) корҳои назаррас анҷом дода буданд. П. И. Яковлев бештар аз 300 навъи меваҳои навоҳии гуногуни ҷумҳуриро омӯхта, тарзи илмии парвариши онҳоро мураттаб сохт. А. А. Алиев, В. И. Сулая ва У. Эшонқулов парвариши меваҳои ситрусиро ба роҳ монданд. А. Пӯлодов дар Филиали ба номи И. В. Мичурини вилояти Суғд коллексияи зиёда аз 130 навъи зардолуи маҳаллиро гирд оварда, 6 навъи зардолуи ғӯлингбоб офарид. Солҳои 60 садаи XX олимони ҷумҳурӣ садҳо ҳазор га заминҳои барои бунёди боғу токзор мувофиқро таҳқиқ намуданд.[1]

Саҳми олимони ҷумҳурӣ — Б. С. Розанов, В. Л. Данилов, С. Т. Скороход, Ф. Урунов, Т. Аҳмадов, М. Қосимов, С. Гулов дар таҳқиқи навъҳои нави таҳҷоии зардолу, нок, себ, анор, гелос, рӯёндани анвои маҳаллии хурмо, унноб ва шафтолу, бунёд кардани боғҳои лалмӣ, омӯхтани дарахтони меваи худрӯй арзанда аст. Дар Институти биологияи Помир оид ба парвариши ниҳоли дарахтони мева, омӯзиши навъҳои маҳаллии дарахтони меваи худрӯй ва ба шароити ноҳияҳои ВМКБ мутобиқ кардани дарахтони меваи субтропикию ситрусӣ таҳқиқот мебаранд. Ходимони Институти боғдорӣ ва сабза вот корӣ, ДАТ ба дарёфти роҳҳои парвариши навъҳои дарахтони меваи қадпаст машғуланд.

Хоҷагиҳои ниҳолпарвар[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҷумҳурӣ 13 хоҷагии ниҳолпарвар ба рӯёндани ниҳоли дарахтони мева ва ороишӣ машғуланд (онҳо соле беш аз 1 млн ниҳоли дарахтони мева ва 4,5 млн ниҳоли ток месабзонанд).

Тайёр кардани мутахассисони мевапарвар[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои тайёр кардани мутахассисон факултети боғдории ДАТ, Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ машғуланд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Плодоводство, виноградарство и овощеводство Таджикистана. Сталинабад, 1948;
  • Розанов БОҒДОРӢ С. (ва диг.). Плодоводство Таджикистана. Д., 1970;
  • Розанов Б. С., Эшонқулов У. Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон. Д., 1973;
  • Анваров М. Боғу токпарварӣ соҳаи сердаромад. Д., 1973;
  • Пулотов А. Таджикский абрикос. Д., 1976;
  • Сильвандер В. Г. Дастури боғбон. Д., 1981;
  • Сильвандер В. Г., Веселовская Е. А. Развитие интенсивного плодоводства и виноградарства Таджикистана. Д., 1987;
  • Гулов С. М. Мевапарварӣ. Д., 2007;
  • Гулов С. М. Меваҳои гармидӯсти То ҷикистон. Д., 2008;
  • Ӯрунов Ф. У. Ниҳолпарварӣ. Д., 2008;
  • Гулов С. М., Ӯрунов Ф. У. Бунёд ва нигоҳубини боғҳо дар Тоҷикистон. Д., 2010.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.637-639 / С. Гулов, Ф. Ӯрунов.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]