Меҳриниссо Зарипова
Меҳриниссо Зарипова | |
Таърихи таваллуд | 17 декабр 1941 (83 сол) |
Зодгоҳ | Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | химия |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | медали «Барои меҳнати шоён», ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1989) |
Меҳриниссо Зарипова (тав. 17.12.1941, шаҳри Кӯлоб), кимиёшинос, номзади илмҳои химия (1974), дотсент (1981).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1961–1966 дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1968–1970 курси такмили ихтисосро дар Институти химияи физикавии Академияи илмҳои ИҶШС дар шаҳри Москва гузаштааст. Солҳои 1970–1974 аспиранти институти номбурда, 1974–1976 ходими хурд ва ходими калони илмии Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ буд. Аз соли 1976 то ба имрӯз ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, инчунин дастурҳои таълимиву методӣ мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шоён», ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1989) сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳалли масъалаҳои химия барои дохилшавандагони донишкадаҳои олии Тоҷикистон, Д., 1995;
- Ассиметрические немостиковый азот в пирамидольный амидный азот в N- ацилдиазиридинах и N-оксоадиридинах //Доклады АН СССР, 1974, №5;
- Новые производные оксима гексафторацетона // Известия АН СССР, 1974, №7; Cинтез соединения со смешанными функциями на основе ацетилена и изучение их биологической активности // Известия АН СССР, № 5, 1988; Электронасышенные системы передачи магнитных эффектов в ацетиленовых амидогликолей // Известия АН СССР, № 4, 1998
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 17 декабр
- Зодагони соли 1941
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Кӯлоб
- Номзадҳои улуми химия
- Олимон аз рӯи алифбо
- Кимиёшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон