Меҳровар Ғайратов
Меҳровар Ховарович Ғайратов | |
Таърихи таваллуд | 20 ноябр 1971 (52 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Меҳровар Ховарович Ғайратов (тав. 20.11.1971, деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ), биологи тоҷик, номзади илмҳои биология (2009).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1995 шуъбаи химия-биологияи факултети биология-химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро хатм намудааст. Солҳои 1995–1996 омӯзгори фанни химия дар мактаби миёнаи № 88-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1996 то ба имрӯз ҳамчун муаллим, муаллими калон ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намуда истодааст. Ҳамчунин солҳои 1998–2003 дар шуъбаи ғоибона аспирантураи донишгоҳ таҳсил намуда, солҳои 1998–2005 дар вазифаи муовини декани факултети биология кор кардааст. Аз соли 2008 сарварии кафедраи ботаникаи донишгоҳи омӯзгориро ба уҳда дорад. Муаллифи беш аз 15 мақолаи илмӣ ва якчанд дастурҳои таълимиву методӣ аст Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009) қадр карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дастури таълимии корҳои лабораторӣ оид ба физиологияи наботот. – Д., 2006,
- Ҳалли масъалаҳои биологӣ. – Д.,2006,
- Микробиология. – Д., 2008,
- Ҳалли масъалаҳои экологӣ ва биологӣ. – Д., 2009,
- Дастури таълимӣ оид ба машғулиятҳои лабораторӣ аз ботаника. – Д., 2009,
- Курси мухтасари генетика. – Д., 2010.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 20 ноябр
- Зодагони соли 1971
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ванҷ
- Номзадҳои улуми биология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Биологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ