Jump to content

Меҳрӣ Исҳоқбоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Меҳри Исҳоқбоева
Таърихи таваллуд 18 апрел 1941(1941-04-18) (83 сол)
Зодгоҳ
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо

Меҳрӣ Исҳоқбоева (зод. 18 апрел 1941, Сталинобод) — овозхон, Ҳунар­пешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1978).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо роҳи худомӯзӣ ва пайравӣ ба устодон овозхониро аз худ намуда, такмил бахшидааст. Солҳои 1957—1961 яккахони ансамбли бонувони рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз 1961 то 1991 сарояндаи ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизон ва радиои ҷумҳурӣ буд. Аз таронаҳои оддии халқӣ то сурудҳои мураккаби мусиқии касбии имрӯзаи тоҷикиро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Дар сабти сурудҳои «Шашмақом» ба лентаи магнитофон фаъо­лона ширкат варзида, бо оркестри созҳои халқӣ асарҳои зиёди оҳанг­созони тоҷикро иҷро намудааст. Бештар Ватан, меҳнату саодат, ишқу вафоро тараннум кардааст. Иштирокдори бисёр ҷашнвораҳои мусиқӣ, аз ҷумла Симпозиумҳои байналмилалии сурудҳои классикӣ ва халқӣ (Самар­қанд, 1978, 1973) мебошад.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.