Jump to content

Миралии Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Миралии Ҳиравӣ
Таърихи таваллуд: 1476[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1544
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
 Парвандаҳо дар Викианбор

Миралии Ҳиравӣ (форсӣ: میر علی هروی‎; 1476[1], Ҳирот1544, Бухоро) — шоир ва хаттоти маъруфи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳирот таваллуд шуда, ҳамон ҷо таҳсили илм намуд ва дар ҳунари хаттотӣ шӯҳрат ёфт. Писари Мирбоқири Ҳиравии мулаққаб ба Зулкамолайн. Миралии Ҳиравӣ ҳунари хаттотиро аз шогирд ва домоди Султоналии Машҳадӣ — Зайнуддини Маҳмуд омӯхтааст. Ба дарбори султон Ҳусайни Бойқаро омад. Дӯстмуҳаммад дар «Ҳолоти хунарварон» ӯро Камолуддини Мирҷои маъруф ба Алиулҳусайнӣ номида қайд мекуиад, ки бо номи Миралии Ҳиравӣ, Алиулкотиб, Алӣ низ имзо мекардааст. Инчунин унвони Султонӣ ва Котибу-с-султонӣ низ гирифта будааст. Миралии Ҳиравӣ солҳои зиёд дар Ҳирот ба китобат, қитъанигорӣ ва мураққаъороӣ машғул буда, бо роҳбарии ӯ гуруӯҳ калони котибоиу хушнависон осори гузаштагону муосиронро китобат ва ҷамъоварӣ менамуданд. Бо Ҷомй ва Навоӣ дӯстӣ дошт. Соли 1529 Убайдуллоҳхони Шайбонӣ Ҳиротро забт намуда, Миралии Ҳиравиро дар қатори як гурӯҳ ҳунармандон ба Бухоро бурд. Дар Бухоро Миралии Ҳиравӣ ба китобат машғул шуд ва муаллими писари Убайдуллоҳхон — Абдулазизхон таъин гардид. То поёни умр дар Бухоро монд. Солҳои охири умр чашмаш камнур шуда буд. Қабраш дар паҳлуи мазори Сайфуддини Бохароӣ воқест. Миралии Ҳиравӣ махсусан дар навиштани настаълиқ моҳир буда, аз ҳамаи хаттотони асри хеш, ҳатто аз Султоналии Машҳадӣ бартарӣ дошт. Миралии Ҳиравӣ Дар Бухоро роҷеъ ба усулу қоидаҳои хушнависӣ бо номи «Мидоду-л-хутут» рисолае таълиф кардааст. Аз намунаҳои китобати Миралии Ҳиравӣ мураққаъ иборат аз даҳ қитъа, «Гулу наврӯз»-и Хоҷуи Кирмонӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ (дорой чор за мимаи манзаравии дурнамо порспективӣ. Машҳад), «Темурнома»-и Ҳотифӣ (Машҳад), «Сабҳату-л-аброр»-и Ҷомӣ (1522) ва чандин қитъа дар китобхонаҳои дуньё нигоҳ дошта мешаванд.

Шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки Мирмуҳаммади Боқир (писараш), Мирҳусайни Бухороӣ, Маъсуми Бухоpoӣ, Мирмуҳаммади Самарқандӣ, Мираки Бухароӣ, Султонмаҳмуди Ҳиравӣ машҳуртарини онҳоянд. Шеър низ менавиштааст, чанд намунаи ашъораш боқӣ мондааст.

  • Миралии Ҳиравӣ / А. Афсаҳов, А. Нуров // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).