Мирато Комилов
Мирато Миршаробович Комилов | |
Таърихи таваллуд | 11 ноябр 1982 (42 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Деваштич, деҳаи Басманда |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | забоншиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Роҳбари илмӣ | Парвонахон Ҷамшедов |
Мирато Миршаробович Комилов (тав. 11.11.1982) - забоншинос, тарҷумон, номзади илмҳои филологӣ (2020), аълочии маорифи Тоҷикистон (2023).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мирато Комилов хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2005). Омӯзгори забони англисии мактаб-гимназияи №24-и ш. Хуҷанд 2004- 2005), ассистенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (2005- 2008), аспиранти шуъбаи ғоибонаи ҳамин донишгоҳ (2008-2012). Рисолаи номзадиро дар мавзуи «Таҳлили сохторӣ-маъноии истилоҳоти фалсафӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» дифоъ намуд. Солҳои 2012-2015 ба ҳайси ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети забони англисӣ, 2015- 2016 сармутахассиси маркази илмӣ-инноватсионӣ, 2016-2017 ассистенти кафедраи филологияи забони англисӣ, аз соли 2018 то 2022 ба ҳайси муаллими калони кафедраи методикаи таълими забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият намудааст. Аз аз 6.09.2022 то 6.11.2023 ба ҳайси муовини декан оид ба корҳои илмии факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз 6.11.2023 то ҳол ба ҳайси мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ифои вазифа намуда истодааст. Саҳми ӯ дар тарҷумаи маводи якчанд барномаҳо аз забони англисӣ калон аст. Номбурда ба ҳайси тренер дар барнома ва лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, ба омӯзгорони забони англисии ҷумҳурӣ ва бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба методҳои муосири таълими забони англисӣ омӯзишҳо гузаронидааст. Хатмкардаи барномаҳои ETM ва OPEN-и Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Комилов М. М. Методикаи таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ: Китоби дарсӣ барои доинишҷӯёни ихтисоси "Таҳсилоти томактабӣ. Забони англисӣ".- Душанбе:Матбааи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2023. – 151 с.
- Комилов М. М. ва дигарон Семинари махсус аз фанни методикаи таълими забони англисӣ (дастури таълимӣ).- Душанбе:Матбааи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2023. – 152 с.
- Комилов М.М., Ғуломов А.О. Методикаи таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (дастури таълимӣ). Д.: 2019;
- Комилов М. М. Луғати тоҷикӣ ба англисӣ ва русии истилоҳоти фалсафа. Д.: 2020;
- Комилов М.М. Структурно-семантический анализ философских терминов в таджикском и английском языках. Д., 2021.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 11 ноябр
- Зодагони соли 1982
- Номзадҳои улуми филология
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Забоншиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ