Мираҳмад Азҳар
Таърихи таваллуд: | 1791 |
---|---|
Зодгоҳ: | Пешовар |
Таърихи даргузашт: | 1852 |
Маҳалли даргузашт: | Ёрканди Чин |
Навъи фаъолият: | Шоир |
Мираҳмад Азҳар (1791, Пешовар — 1852, Ёрканд, Чин) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти ибтидоӣ ва асосҳои донишро дар зодгоҳаш гирифта, барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафтааст. Азҳар пас аз хатми таҳсили мадраса шаҳрҳои Тошканд, Балх, Ёрканд, Ҳиндустону Хутан ва баъзе мавзеъҳои дигарро саёҳат карда, соли 1819 ба Бадахшон меояд. Бо даъвати ҳокими Бадахшон Султоншоҳ (ҳукмронӣ 1756—1770) ва дархости мардум дар Ҷирм (Бадахшони Афғонистон) ном мавзеъ сукунат ихтиёр карда, ба тадрис машғул шудааст. Лаҳзаҳои охири умри Азҳар дар Туркистони Шарқӣ гузаштааст. Азҳар шоири боистеъдод ва сермаҳсул буда, осори бисёре аз худ ба мерос гузоштааст.
Ин ғазал намунае аз ашъори ӯст:
Донӣ, ки лоларо зи чӣ хун гашт ҷоми ӯ,
Аз умри нимрӯз бувад талх коми ӯ.
Номи накӯ натиҷаи умри абад диҳад,
Ҳаргиз намирад он ки намурдаст номи ӯ.
Сайёди мо, ки донаи холаш тиҳӣ мабод,
Мурғе наёмад он ки нашуд сайди доми ӯ.
Ҳарчанд ҷои лаъл бувад тоҷи хусравон,
Хун гашта аз фироқи Бадахшон тамоми ӯ.
Азҳар, касе, ки нашъаи субҳи висол ёфт,
Бошад чу ҷоми бода шафақ масти ҷоми ӯ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиет
[вироиш | вироиши манбаъ]- Азҳар // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.