Мирзоанвар Ахмедов
Зоҳир
(Тағйири масир аз Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов)
Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов | |
Таърихи таваллуд: | 18 феврал 1956 (68 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Б.Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби аграрии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов — иқтисоддон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI[1][2]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли таваллуд 18 феврали соли 1956, ҷои таваллуд ноҳияи Б.Ғафуров. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Ахмедов Мирзоанвар Халифаевич аз декабри соли 2011 дар мансаби муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд кор кардааст. Соли 1978 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисосаш — иқтисодиёт ва ташкили хоҷагии қишлоқ. Унвони илмӣ — номзади илмҳои иқтисодӣ. Забонҳои русӣ, ӯзбекиро медонад.
- Солҳои 1973—1978 донишҷӯ-лаборанти кафедраи ташкили корҳои хоҷагии қишлоқи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
- Солҳои 1978—1981 Ассисенти кафедраи кибернетикаи иқтисодии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
- Солҳои 1981—1984 Аспиранти Институти илмӣ-татқиқотии иқтисодӣ хоҷагии қишлоқ, шаҳри Москва. 03-07 соли 1984 иқтисоддони шуъбаи иқтисодии Институти илмӣ-татқиқотии заминшиносии Тоҷикистон, ноҳияи Ҳисор.
- Солҳои 1984—1985 Сариқтисоддони шуъбаи иқтисодии Институти илмӣ-татқиқотии заминшиносии Тоҷикистон, ноҳияи Ҳисор. Солҳои 1985—1986 зоотехники калони фабрикаи паррандапарварии ноҳияи Пролетар. Солҳои 1986—1993 Сариқтисоддони фабрикаи паррандапарварии Пролетар, соли 1993 Сардори шуъбаи иқтисодии комбинати саноати кишоварзии «Хуҷанд», ноҳияи Б.Ғафуров, солҳои 1993—1997 Муовини аввали омори кулли комбинати саноати кишоварзии «Хуҷанд», ноҳияи Б.Ғафуров.
- Солҳои 1997—1999 Муовини сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, солҳои 1999—2004 Сардори шуъбаи комплекси агросаноатии Ҳукумати вилояти Суғд, солҳои 2004—2007 Мудири шуъбаи комплекси агросаноатии дастгоҳи Раиси вилоят, солҳои 2007—2010 Декани факултаи агротехнологии Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, шаҳри Чкалов.
- Солҳои 2010—2011 Дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехники Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ. Аз декабри соли 2011 то соли 2015 Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд адои вазифа намудааст.
1 — марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
- ↑ 2.0 2.1 Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2020.
Гурӯҳҳо:
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 феврал
- Зодагони соли 1956
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Б.Ғафуров
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI