Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Ҳизби Аграрии Тоҷикистон | |
---|---|
Пешво: | Рустам Барот Латифзода |
Санаи асосгузорӣ: | 15 ноябр 2005 |
Маром: | аграрӣ[d] |
Ҳизби аграрии Тоҷикистон — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст. Солҳои 2005—2014 — Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон — Қароқулов Амир Бӯриевич — доктори илмҳои кишоварзӣ (1994), узви вобаста (1994) ва узви пайваста (2001)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон буд. Аз соли 2014 раиси ҳизб Рустам Барот Латифзода мебошад.
Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2015
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V тибқи пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд:
- Рустам Барот Латифзода
- Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов
- Толибек Аҳмадович Бухориев
- Маҳбуба Дусмуродовна Шоазизова
- Мунимҷон Абдусаматов
- Зайнудин Сафаров
- Абдуласан Шомансурович Мамадасанов
- Зулфия Қурбоновна Мирзода
- Аҳмадҷон Қобилов
- Неъматулло Шамсудинович Холмуродов
- Нуралӣ Сафарович Ниязов
- Абдукарим Меликмуродович Файзуллоев
- Меҳнатулло Фозилович Сироҷев сабти ном шуданд.[1]
Дар натиҷаи интихоботи 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ — Рустам Барот Латифзода (раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон), Толибек Аҳмадович Бухориев ва Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V интихоб шуданд[2]
Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2020
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд:
- Рустам Барот Латифзода
- Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович
- Усмонов Мансур Саломович
- Холбойзода Неъматулло Холбой
- Сафаров Зайниддин
- Ахмедов Мирзоанвар
- Мусозода Шодӣ Абдухолиқ
- Мирзозода Музаффар Бурҳон
- Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло
- Ҳайдарзода Ҷонона Ҳайдар
- Ниёзов Нуралӣ Сафарович
- Сафарова Рупия Ҳакимовна
- Зиё Раҳмон[3]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бойгонӣ шудааст 6 апрели 2015 сол.
- Ҳизби аграрии Тоҷикистон(пайванди дастнорас)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қарори №24 - Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тибқи пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва шахсони боэътимоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон. 10 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 марти 2015.
- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
- ↑ [http://kmir.tj/2020/01/18/qarori-komissiyai-markazii-intihobot-va-rajpursi-3/ Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 18.01.2020 аз тарафи КМИР ҶТ](тоҷ.). www.kmir.tj (18 Январ 2020). 4 апрели 2020 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |