Мирзосаид Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзосаид Абдуллоев
Сергей Константинович
раиси Суди халқии вилояти Душанбе
1924 — 1925

Таваллуд 1882(1882)
Даргузашт 1928(1928)
Душанбе

Мирзосаид Абдулло́ев (номи аслиаш Сергей, номи падараш Константин, 1882, Оренбург — 1928, Душанбе) — яке аз муборизони фаъоли пойдор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи коргари русоли Баъди вафоти падараш ба Тошкент омада, ба дастаи сайёри дорбозону масхарабозон ҳамроҳ шуд. Бо ҳамин гурӯҳ ба Ҳисор омад. Аз ҳамон вақт номи Саидро гирифт. Ба ғайр аз забони модарӣ (русӣ) забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекиро хуб медонист, бинобар ин дар мактаби маҳаллӣ зуд хати арабиро аз худ кард. Минбаъд тарҷумон ва мирзои беки Ҳисор ва аз амалдорони Душанбе буд. Аз ин рӯ то инқилоб дар байни мардум бо номҳои Мирзо Муҳаммад Саид ва Саиди тилмоч машҳур буд.

Январи 1913 ба балвои рӯҳониёни Ҳисор зид баромада, ба деҳаи Дастгираки Ёвон бадарға шуд. Ба Душанбе баргашта, ба духтари ҳунарманди маҳаллӣ Абдуллои читгар хонадор шуд (аз ҳамин вақт Абдуллоев). Баъди инқирози аморати Бухоро ва ба Ҳисор омадани экспедитсияи ҳарбию сиёсӣ Абдуллоев раиси Комитети револютсионии Душанбе (1921—1923) буд. Дар ин вазифа ӯ дар тарғиби ғояҳои инқилобӣ, барҳам задани боқимондаҳои феодалӣ, ба амал овардани ислоҳоти аграрӣ ба манфиати деҳқонони меҳнаткаш корҳои бисёреро ба анҷом расонд. 18 июли 1922, баъди аз дастаи Анварпошшо озод карда шудани Душанбе, Абдуллоев раиси Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ оид ба ташкили Комитети револютсионии вилояти Душанбе таъйин шуд, минбаъд — узви комиссияи диктаторӣ — сардори комитети револютсионӣ, узви комиссияи таъмини хӯрокворӣ барои Армияи Сурх, узви Комиссия оид ба муборизаи зидди босмачигӣ дар полки 10-уми савора буд. Солҳои 1924—1925 раиси Суди халқии вилояти Душанбе, дар як вақт сардори Управленияи милитсияи Бухорои Шарқӣ. Дар охирҳои умраш Абдуллоев дар шуъбаи махсуси корпуси 13-уми тирандозӣ хидмат карда, дар барҳам додани босмачигӣ ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ фаъолона иштирок дошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]