Мирзошафеъи Возеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзошафеъи Возеҳ
озарбойҷонӣ: میرزا شفیع واضح
Тахаллусҳо: Вазех
Таърихи таваллуд: 1794[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 16 ноябр 1852(1852-11-16) ё 1852[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: байт ва шеър[d]
Забони осор: озарбойҷонӣ ва форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мирзошафеъи Возеҳ (форсӣ: میرزا شفیع واضح‎, озарбойҷонӣ: Mirzə Şəfi Vazeh; 1796, Ганҷа — 28 ноябри 1852, Тифлис) — шоир ва рӯшанфикри озарбойҷонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Таълими ибтидоиро аз донандаи забону адабиёти форсӣ — классики адабиёти Озарбойҷон Мулло Паноҳ гирифта, баъдан худомӯзӣ кардааст. Возеҳ соли 1826 дар Ганҷа мактаби хусусӣ кушода, дар он аз хаттотӣ, адабиёти форсию туркӣ дарс медод. Мутафаккири бузурги Озарбойҷон М. Ф. Охундов шогирди ҳамин мактаб буд. Соли 1850 Возеҳ дар Тифлис маҳфили адабии «Девони ҳикмат»-ро ташкил дода, то охири умр сарвари он буд.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Возеҳ ба се забон — форсӣ, озарбойҷонӣ ва арабӣ эҷод кардааст. Муҳити адабиву иҷтимоии Тифлис шеъри Возеҳ-ро рӯҳан неруманд сохт ва ба зиндагии мардум наздик кард. Шоир хушиҳои зиндагиро тараннум ва нуқсонҳои ҷамъиятро тасвир кардааст. Осори Возеҳ аз тарафи шоир ва сайёҳи олмонӣ Фридрих Боденштедт (1819-92) ба забони олмонӣ ва забонҳои дигари аврупоӣ тарҷума кардаву ба табъ расонда шуд.

Пажӯҳишгарони озарӣ А. Аслонов, З. Оруҷев, Ф. Содиқзода. Н. Ҳасанзода ба тарҷума ва таҳқиқи осори Возеҳ машғул буданд. Саҳван пажӯҳишгари озарӣ А. Саидзода як қисми шеърҳои шоири тоҷик Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳро бо осори Возеҳ як дониста, онро ҳамчун осори Возеҳ ба табъ расондааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Нағмалар. Бакы, 1961 (ба забони озарбойҷонӣ).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Рофили М. Мирза Шафи в мировой литературе. Баку, 1958;
  • Самад В. Оқибати як сохтакорӣ дар илм//Армуғон. Китоби 2. Д., 1971;
  • Самад В. Мирза Шафи Вазех и Кори Рахматулло Вазех//Основные вопросы таджикско-азербайджанских литературных связей в XIX веке. Д., 1975.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]