Мирзоҳид Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мирзоҳид Раҳимов
Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович
Санаи таваллуд:

17 июн 1975(1975-06-17) (44 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Деҳнав, Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

иқтисод

Ҷойҳои кор:

Коллеҷи техникии ДТТ ба номи ак. М.Осимӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои иқтисод (2012)

Унвонҳои илмӣ:

дотсент (2013)

Алма-матер:

Донишгохи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (1997), Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (2006)

Ҷоизаҳо:

Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Мирзоҳид Раҳимов (тав.17 июни 1975, деҳаи Шаҳринави,ноҳияи Деҳнав, вилояти Сурхондарё) — иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2012), дотсент (2013). Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Мирзоҳид Абдувоҳидович Раҳимов (17 июни соли 1975 дар деҳаи Шаҳринави, ноҳияи Деҳнав, вилояти Сурхондарё). Аз оилаи омӯзгор. Хатмкардаи ихтисоси «Таъминоти газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ»-и факултети «Сохтмон ва меъморӣ»-и Донишгохи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (1997) мебошад. Инчунин хатмкардаи ихтисоси «Андоз ва андозбандии»-и факултети «таҳсилоти ғоибона»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (2006). Солҳои 1997-2003 лаборант, ассистент, муаллими калони дар доираи тайёркунии техникони ҷавони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ, солҳои 2004-2012 ассистент, муаллими калони кафедраи «Андоз ва андозбандӣ» - и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ), солҳои 2012-2015 сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва дотсенти доимии кафедраи «Андоз ва андозбандӣ»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, солҳои 2015-2016 декани факултети таҳсилоти ғобонаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ кор ва фаъолият намудааст. Аз моҳи августи соли 2017 дар вазифаи декани факултети сохтмон ва роҳсозии коллеҷи техникӣ фаъолият мекунад. Санаи 27 апрели соли 2012, дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии К 737.002.05 назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (ш.Хуҷанд) рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Ташаккули бозори суғурта дар иқтисодиёти миллӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз руи ихтисоси 08.00.01.- Назарияи иқтисод бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Осор[вироиш]

Мирзоҳид Раҳимов муаллифи 20 мақолаи илмӣ, 1 монография, 1 дастури таълимию методӣ доро мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)[вироиш]

  1. Рахимов М. А. Использование зарубежного опыта страхования рисков в сельском хозяйстве. - Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). - 2011. - №7(71). - 0,45 п.л.
  2. Рахимов М. А. Страхование в системе экономических отношений. - Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). - 2011.- №8(72). - 0,5 п.л.
  3. Рахимов М. А., Сафаров Б. Г. Страхование экспертной операции как движущий фактор реализации внешнеэкономического интереса Республики Таджикистана.- Вестник педагогического университета.- 2011. - №6(42). - 0,4 п. л.
  4. Рахимов М. А. Анализ концепции государственного регулирования развития страхового предпринимательства. - Дурахши илм (Паёми Донишкадаи молияи Точикистон). - 2010. - №1. - 0,45 п.л.
  5. Асроров У.С., Рахимов М.А. Методологические вопросы исследования формирования и развития продовольственного рынка в Республике Таджикистана - Вестник педагогического университета.- 2015. - №2(63-1).
  6. Асроров У.С., Рахимов М.А. Состояние конкурентной среды продовольственного рынка.- Вестник педагогического университета.- 2015. - №2(63-1).
  7. Ғоибназаров Ш.У., Абдуллоев М.М., Холматов Р.Б., Раҳимов М.А. Дастури таълимию методӣ «Таърихи муомилоти пулӣ, қарз ва молия», Хуҷанд, 2018

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]