Мирзоҳусайни Бадалипур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мирзоҳусайни Бадалипур
Элназаров Мирзоҳусайн Бадалиевич
Таърихи таваллуд: 19 июл 1963(1963-07-19) (57 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: фалсафа
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мирзоҳусайни Бадалипур (Элназаров Мирзоҳусайн Бадалиевич; тав. 19 июли 1963; ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — шоир, файласуф, номзади илмҳои фалсафа, дотсент. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Мирзоҳусайн Бадалипур 19 июли соли 1963 дар деҳаи Хеки ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 1-и ба номи Акашариф Ҷӯраеви ноҳияи Дарвозро соли 1980 хатм карда, дар соли 1981 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1986 онро ба итмом расондааст.

Баъди хатми Донишгоҳ муддате дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 40 шаҳраки Лолагии ноҳияи Файзобод ба сифати омӯзгори таъриху ҷомеашиносӣ ва таълими ҳарбию алифбои ниёгон кор кардааст.

Соли 1993 таълим дар аспирантураи Шуъбаи таърих ва фалсафаи Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳоро оғоз карда, соли 1996 инҷоро хатм кардааст.

Баъд аз хатми аспирантура барои кор ба Донишгоҳи миллӣ омада, то ҳол ба ҳайси устоди кафедраи таърихи фалсафа, фарҳангшиносӣ ва таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултаи фалсафаи ДМТ фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Мирзоҳусайн Бадалипур дар баробари устоди донишгоҳ будан, ҳамзамон дар ҷодаи илм ба қуръонпажуҳишӣ, таҳқиқу баррасии афкору осори фалсафӣ, тасаввуфӣ, ахлоқӣ ва фарҳангию динии мутафаккирони Шарқ машғул аст.

То кунун се китоб ва бештар аз 100 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти даврӣ чоп намудааст.

Шеърнависӣ[вироиш]

Мирзоҳусайн Бадалипур ба ҷуз омӯзиши фалсафа ва дин боз истеъдоди шоирӣ низ дорад. Ӯ бо тахаллуси «Меҳрварз» шеър менависад ва то ҳол 3 маҷмӯи ашъори худро бо номҳои «Чашмаи даво» (соли 2008) ва «Намози ишқ» (соли 2013) ва ба «Рангҳои зиндагӣ» (2017) табъ расондааст[1].

Сарояндаҳои маъруфи кишвар ба зиёда аз 15 шеъри ӯ оҳанг бастаанд. Бахусус шеъри навиштаи ӯ бо номи «Дар оғуши ту мемирам» дар иҷрои Нигина Амонқулова мухлисони зиёде пайдо кардааст. Навиштаи дигари ӯ «Диламро хун намудӣ, навиштам достони ту» низ аз ҷониби Нигина Амонқулова суруда шуда, соҳиби ҷоизаи «Суруди сол-2014» гардидааст[2].

Осор[вироиш]

  1. Кашф-ул-асрор (Ҳаёт ва фаъолияти Шайх Абдурраҳими Давлат). — Душанбе: Ҳумо, 2000. — 122 с.
  2. Зиндагиномаи Эшони Абдураҳмонҷон ибни Эшони Порсохоҷа. — Душанбе: Ҳумо,2003. — 100 с.
  3. Муқаддимаи қуръоншиносӣ. — Душанбе: Эрграф, 2013. — 457 с.
  4. Модарамро ёд кардам (Эссеи фалсафаӣ). — Душанбе: Паёми ошно, 2018. — 84 с.
  5. Фалсафаи худшиносии миллӣ (ҳаммуалиф). — Душанбе: Матбааи ДМТ, 2019. — 196 с.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Китоби нав. Мирзоҳусайни Бадалипур: Ҷилои оинаҳо (Тариқати нақшбандия ва пешвоёни он дар замони мо). www.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 9 ноябри 2020 санҷида шуд.
  2. Мирзоҳусайн Бадалипур. www.tojnews.org. TojNews. 9 ноябри 2020 санҷида шуд.