Мирзо Раҷабалиевич Исматуллоев (тав. 14.03.1963, ноҳияи Ҳамадонӣ), адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (2009).
Солҳои 1978–1982 дар техникуми сохтмонии ш. Душанбе таҳсил кардааст. Солҳои 1982–1984 афсари Артиши Шӯравӣ, 1986–1991 донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб буд. Соли 1991 ҳамчун муаллими мактаби миёна, солҳои 2003– 2005 ассистенти кафедраи забон ва адабиёти синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Солҳои 2005–2008 дар аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил намудааст. Аз соли 2008 муаллими калони кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Оид ба поэтикаи насри бачагонаи Пӯлод Толис кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ ва дастурҳои методӣ мебошад.
Ас.: Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Пӯлод Толис // Садои Шарқ, 2009, №8; Ибораҳои фразеологӣ дар насри бачагонаи Пӯлод Толис // Ахбороти АИ ҶТ (шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ), Д., 2008, №1.