Мирзо Ҳасани Зарринқалам
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
---|---|
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мирзо Ҳасани Зарринқалам (форсӣ: میرزا حسن زرینقلم; қарни XVIII — қарни XIX) — хаттот, наққош ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зарринқалам дар навишт бо ҳафт хатти маъмул — кӯфӣ, сулс, райҳонӣ, риқоъ, насх, настаълиқ ва туғроҳои тазйинӣ (услуби хушнависие, ки бо он танҳо амру фармонҳои шоҳ навишта мешуданд) маҳорати комил дошт. Ӯ бо истифода аз хатҳои мухталиф, ҳамоҳангсозии онҳо ва нигориши тасвирҳои мазҳабӣ асарҳои ҷолиб офаридааст. Асарҳои эҷоднамудаи Зарринқалам Мирзоҳасан хонаву меҳмонхонаҳо ва қасрҳои ашроф ва бузургони даврро оро медоданд. Нигориши номҳои Худои таъоло ва имомон, бузургони соҳибэҳтироми мазҳабӣ, подшоҳону дарвешони машҳури замон ва аҳли тариқат асарҳои асосии ӯ буданд. Зарринқалам Мирзоҳасан дар шоирӣ ҳам маҳорати баланд дошт ва тахаллусаш Тоҷушшуаро буд. Аз осори бо хатҳои настаълиқ, насх, сулс, таълиқ, тавқеъ, туғроӣ ва шикастаи настаълиқ офаридаи ӯ бо унвонҳои «Катибаи Ҳасани Зарринқалам», «Хоназоди ҳумоюн… Ҳасани Зарринқалам, маддоҳи рикоби Носируддиншоҳ» ва ғайра то замони мо маҳфуз мондаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарринқалам Мирзоҳасан // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.