Jump to content

Мирмаҳмад Имонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирмаҳмад Имонов
Мирмаҳмад Имонов
Таърихи таваллуд 10 феврал 1969(1969-02-10) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ зоология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Мирмаҳмад Имонов (тав. 10.02.1969, н. Дарвоз) — муаллими фанни зоология, номзади илмҳои биология (2021).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирмаҳмад Имонов солҳои 1989–1995 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1995–1996 ассистенти кафедраи зоологияи донишгоҳи номбурда, 1996–1997 коромӯзи кафедраи зоологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 1998–2003 ҳамчун ассистенти кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2004–2006 дар аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил намудааст. Аз соли 2005 то имрӯз муаллими калони кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 15 асару мақолаи илмию методӣ аст. Дар корҳои илмиаш масъалаҳои биология ва экологияи зараррасонҳои зироатҳои пахта, картошка ва роҳҳои мубориза ба муқобили онҳоро баррасӣ кардааст.

  • Зоологияи бесутунмӯҳра Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, қисми 1 ва 2. Д., 2010 (ҳаммуаллиф).;
  • О колорадском жуке в Таджикистане // Сб. Актуальние проблеми агропромишленного комплекса Республики Таджикистан. Д., 2004;
  • Асосҳои таҳқиқоти илмӣ аз фанни энтомология (дастури методӣ). Д., 2020.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ