Мискинобод
Намуди зоҳирӣ
| Деҳаи Мискинобод | |
|---|---|
| Кишвар | Тоҷикистон |
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
| Ноҳия | Файзобод |
| Ҷамоат | Деҳоти Мискинобод |
| Аҳолӣ | 1120 нафар (2010), тоҷикон |
| Хоҷагӣ | 130 |
Мискинобод — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 27 км. Дар сари роҳи Файзобод - Роғун воқеъ аст. Аҳолиаш 1120 нафар (2010), тоҷикон. Аз 130 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, ошхона, хонаи фарҳанг, 3 бозор дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз канали Дашти Марзо ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.