Михаил Бакунин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Михаил Бакунин
Bakunin Nadar.jpg
Санаи таваллуд:

18 (30) май 1814[1][2][3]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

19 июн (1 июл) 1876[1] (62 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

фалсафа

Алма-матер:
Имзо:

Имзо

Commons-logo.svg Михаил Бакунин дар Викианбор

Михаи́л Алекса́ндрович Баку́нин (18 (30) май 1814, деҳаи Прямухино, уезди Новоторжский, губернияи Твер, Империяи Русия — 19 июн (1 июл)-и 1876, Берн, Швейсария) — инқилобии рус, файласуф ва публитсист, яке аз назариётчиёни анархизм.

Зиндагинома[вироиш]

Аз оилаи дворян. Соли 1840 барои омӯзиши фалсафа дар Ун-ти Берлин ба Олмон сафар кардааст. Дар он ҷо ба ҷавонгегелчиён ҳамроҳ ва ба сиёсат машғул шуда, ба ҳаракати сотсиалистӣ мепайвандад. Соли 1844 аз ҳуқуқи ба Россия барнагаштан ғоибона маҳрум мегардад ва ба Сибир табъид мешавад. Иштирокдори инқилоби солҳои 1848-49 дар Аврупо ва яке аз роҳбарони шӯриш дар Дрезден буд. Солҳои 1850-51 борҳо дастгир ва, оқибат, ба ҳабси абад маҳкум мешавад. Соли 1851 ӯро ба Россия таҳвил медиҳанд; аввал дар Қалъаи Петропавловск нигоҳ дошта, (дар он ҷо муроҷиатномаи худ «Иқрор»-ро ба император Николайи I менависад) ва, баъдан, то охири умраш, ба Сибир бадарға мешавад. Ба воситаи Ҷопон ва ИМА ба Аврупо мегурезад. Соли 1864 ба Интернатсионали I дохил мешавад, вале, аз сабаби ихтилофи назар бо К. Маркс, аз он хориҷаш карданд. Солҳои 60 асри 19 ҷаҳонбинии худро ба куллӣ тағйир дода, аз мавқеи дин ба материализм мегузарад.

Ақидаҳо[вироиш]

Дар асарҳояш «Федерализм ва сотсиализм» (1867), «Империяи тозиёнаи Олмон ва револютсияи иҷтимоӣ» (1871), «Давлатдорӣ ва анархия» (1873), «Худо ва давлат» динро ҳамчун дараҷаи худмаърифатии авлоди башар муаррифӣ кардааст. Моҳияти инсонро дар озодӣ мебинад, ки дар он озодии як нафар мутаносиб ба озодии ҳама мебошад; ба фикри Бакунин, дар ҷамъияте, ки озодӣ набошад, ҳатто зиндагии синфи ҳукмрон ҳам бо маҳдудиятҳои иҷбории зоҳирии он хуш намегузарад.

Озодӣ ва маҳдудият мазмунҳои иҷтимоӣ дошта, хусусияти ҳаёти ҷамъиятиро ба таври умумӣ ифода мекунанд ва баъд, ҳамчун натиҷа, ба ҳаёти афроди ҷомеа интиқол меёбанд. Мутобиқи таълимоти Бакунин, озодӣ, ба фикри файласуфону ҳуқуқшиносони замони нав, хосияти азалии ҳар фарди ҷудогона набуда, баръакс, ҷамъбасти инкишофи таърихии инсоният аз ҳолати ҳайвонӣ ба ҳолати инсонӣ мебошад. Худованд, дар ин сурат, як моҳияти махсус дар муқобили инсон ва вуҷуди ҳукмрон бар ӯ тасаввур мешавад. Аз ин рӯ, дин асосу манбаъи ҳама гуна шаклҳои ситамкорию ғуломӣ мебошад, ки давлат онро дастгирӣ ва тарафдорӣ менамояд. Бинобар ин, мубориза барои озодӣ дар пайи худ мубориза барои динро низ дорад.

Китобшиносӣ[вироиш]

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]


Пайвандҳо[вироиш]