Берн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Берн

олмонӣ: Bern
City of Berne.jpg
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Швейсария
Кантон Берн
Округ Берн
Координатаҳо 47°00′00″ с. ш. 07°27′00″ в. д.HGЯO
Мэр Александр Шаппат
Масоҳат 51,6 км²
Забони расмӣ олмонӣ
Аҳолӣ 131 554[1] нафар (2015)
Номи қавмӣ бернӣ, берниҳо
Коди телефон 031
Сайти расмӣ bern.ch
(олмонӣ)(фр.)(ит.)(англ.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Берн дар харитаи
Берн
Берн

Бе́рн (олмонӣ: Bern [ˈbɛrn], фр. Berne, итол. Berna, румш. Berna) — пойтахти Швейтсария, маркази маъмурии округи Берн. Дар ду соҳили дареи Ааре, дар баландии 572 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масоҳ. 51,60 км2. Аҳолиаш 123 466 нафар (2009). Забони расмӣ — олмонӣ. Аэропорти байналмилалӣ дорад. Роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард Бернро бо шаҳрҳои Аврупо пайваст мекунад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Берн соли 1191 бунёд шудааст. Аз соли 1848 пойтахти Швейтсария. Дар охири садаи XIX ва аввали садаи XX маркази инқилобгарони муҳоҷири рус буд.

Саноат[вироиш | вироиши манбаъ]

Маркази калони саноатии мамлакат (баъд аз Сюрих ва Базел). Соҳаҳои асосии саноаташ: радиоэлектроника, электротехника ва мошинаҳои дақиқ (телефон, таҷҳизот, асбобҳои барқӣ, мошинаҳои полиграфӣ ва ғайра), бофандагӣ, дорусозӣ, кимиёӣ, хӯрокворӣ (консерв, орд, шоколад, пиво), чӯбгарӣ, табъу нашр ва ғ.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Берн бонкҳои калонтарин (Фолксбонк, бонки миллӣ) ва ғ. ҳастанд. Дар он қароргоҳи созмонҳои байналмилалӣ мавҷуданд. Берн маркази сайёҳии байналмилалист. Дар Берн Академияи илмҳои дақиқ (1815), донишгоҳ (1834), Калисои ҷомеаи Винсенти Муқаддас (1421—1588) ва ратуша (1406—1417), бинои парламент (1852—1901), китобхонаи миллӣ, боғи ботаникӣ, театр (1903) ва Осорхонаи Алберт Энштейн ҷойгир аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]


Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]