Jump to content

Михаил Кухтиков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Михаил Кухтиков
Кухтиков Михаил Михеевич
Таърихи таваллуд 1919(1919)
Таърихи даргузашт 1995(1995)
Фазои илмӣ заминшиносӣ

Михаил Михеевич Кухтиков (1919—1995) — заминшинос, доктори илмҳои геология ва минералогия (1966), профессор (1969). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1973).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кухтиков Михаил Михеевич Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А. А. Ждановро хатм кардааст (1946), ихтисос — «геология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: геотектоника. Ходими илмии Институти қишри замини ДДЛ ба номи А. А. Жданов (1949—1950), дотсенти кафедраи геология ва палеонтологияи ДДТ ба номи В. И. Ленин (1950—1959), ходими калони илмӣ (1951—1959), муовини директор (1959—1987), мудири шуъбаи геотектоникаи (1987—1995) Институти геологияи Академияи илмҳои ҶТ.

  • Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» тақдир шудааст.
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.