Михаил Синелников
Таърихи таваллуд: | 19 ноябр 1946 (77 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир, мунтақиди адабӣ, тарҷумон |
Забони осор: | русӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Михаил Исаакович Синелников (зод. 19 ноябр 1946, Санкт-Петербург) — шоири шӯравӣ ва рус, тарҷумон, адабиётшинос, муррахи адабиёти русӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1946 дар Ленинград, дар хонаводае таваллуд шудааст, ки аз муҳосира наҷот ёфтааст. Падар — рӯзноманигори низомӣ, нависанда, баъдан ёдноманавис, ки ба филологҳо бо хотираҳои худ дар бораи ҳаёти адабии Ленинград дар солҳои бистум маълум аст («Заболотскийи ҷавон», «Шоми Манделштам» ва ғайра). Модар муаллими забон ва адабиёти рус, солҳои ҷанг директори хонаи кӯдакони ятими муҳосира буд. Солҳои аввали Синелников дар Қирғизистон гузашта, факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Ушро хатм кардааст . Ду сол мухбири газетаи вилоятӣ шуда кор кард. Соли 1969 ба Донишкадаи адабии Маскав ба номи Горкий дохил шуд.
Дар «Литературная газета», дар маҷаллаи «Дружба народов» кор кардааст. Дар Литсейи насронӣ аз шеър дарс медод, проректори Институти рушди маорифи минтақаӣ ва хабарнигори рӯзномаи «Московский новости» буд.
Узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1976) ва Иттифоқи нависандагони Маскав.
Нахустин маҷмӯаи ашъори «Абр ва паррандагон» соли 1975 ба табъ расида буд. Дар замони шӯравӣ ӯ узви панҷ Шӯрои адабиёти миллии назди Иттифоқи нависандагони СССР: гурҷӣ, арманӣ, озарбойҷонӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ буд. Тарҷумаи зиёде анҷом додааст, шоиронро аз Аврупо, Шарқи Дур, Қафқози Шимолӣ, кишварҳои турк (Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Тотористон, Балкар, Қарачай), Арманистон, Тоҷикистон, классикони форсизабон тарҷума кардааст. Дар соли 2011 китоби тарҷумаҳои мунтахаби Михаил Синелников «Шеъри Шарқ» аз чоп баромад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Авторский блог Михаила Синельникова в журнале Чайка
- Михаил Исаакович Синельников в «Журнальном зале»
- Интервью с М. И. Синельниковым