Jump to content

Миёнарав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Миёнарав (маклер, брокер) — фаъолияти касбӣ оид ба иҷрои вазифаҳои миёнаравӣ бо мақсади ҳамкории тарафҳо аст, ки хоҳиши аҳд бастан доранд.[1]

Миёнарав дар шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ миёнарав - бонк ё дигар ташкилоти қарздиҳӣ уҳдадор мешавад ба муштарӣ барои маблағи моли пешниҳодкарда, иҷрои кор ё хидматрасонии шахси сеюмро пардозад ва муштарӣ бошад, талаботи пулии шахси сеюмро бо миёнарав гузашт кунад ва подоши муайянеро пардозад. Уҳдадории миёнарав оид ба шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ метавонад барои муштарӣ пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ, инчунин ба мизоҷ фароҳам овардани дигар хидматрасониҳои молиявии вобаста ба талаботи пулиро, ки мавзӯи гузаштро ташкил медиҳанд, дарбар гирад. Бонкҳо, ташкилотҳои қарздиҳӣ, инчунин дигар ташкилотҳои тиҷоратие, ки барои анҷом додани чунин навъи фаъолият иҷозат доранд, метавонанд дар шартномаи маблағгузорӣ бо гузашт кардани талаботи пулй миёнарав бошанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 292-293