Молибден, 42 Mo Талаффуз (mə-LIB -dən-əm ) Номи дигар molybdenum Намуди зоҳирӣ металлии хокистартоб Вазни атомии муқаррарӣ A r, std (Mo) 7001959500000000000♠ 95.95(1)[ 1]
Рақами атомӣ (Z ) 42 Гурӯҳ гурӯҳи 6 Давр даври 5 Блок d-блок Категорияи элемент Металли гузаранда Конфигуратсияи электрон [Kr ] 4d5 5s1 Электронҳо аз рӯӣ ҷилд 2, 8, 18, 13, 1 Фаза дар ҲФМ сахт Нуқтаи гудозиш 2896 K (2623 °C, 4753 °F) Ҳарорати ҷӯшиш 4912 K (4639 °C, 8382 °F) Зичӣ (наздик ба ҳ.х. ) 10.28 гр/см3 ҳангоми моеъ будан (дар н.г. ) 9.33 гр/см3 Ҳарорати гудозиши хос 37.48 кҶ/мол Ҳарорати буғшавии хос 598 кҶ/мол Гармигунҷоиши молярӣ 24.06 Ҷ/(мол·К) Буғи сершуда
P (Pa)
1
10
100
1 k
10 k
100 k
at T (K)
2742
2994
3312
3707
4212
4879
Дараҷаҳои оксидшавӣ −4, −2, −1, 0, +1,[ 2] +2, +3, +4 , +5, +6 (a strongly acidic oxide) Электроманфиият Ҷадвали Полинг: 2.16 Қувваҳои иондоршавӣ 1-ум: 684.3 кҶ/мол 2-юм: 1560 кҶ/мол 3-юм: 2618 кҶ/мол Радиуси атом эмпирикӣ: 139 пм Радиуси ковалентӣ 154±5 пм Color lines in a spectral range Хатҳои спектрии МолибденСохтори булӯрӣ body-centered cubic (bcc) Суръати овоз thin rod 5400 м/с (дар ҳ.х. ) Васеъшавии ҳароратӣ 4.8 µm/(m·K) (дар 25 °C) Гармигузаронандагӣ 138 W/(m·K) Ҳароратгузаронандагӣ 54.3 мм2 /с (дар 300 K)[ 3] Муқобилияти нисбӣ 53.4 nΩ·m (дар 20 °C) Тартибории магнитӣ парамагнетик [ 4] Таъсирпазирии магнитӣ +89.0·10−6 см3 /мол (298 K)[ 5] Модули Юнг 329 ГПа Модули ғеҷонидан 126 ГПа Модули чандирии ҳаҷмдор 230 ГПа Коэффисиенти Пуассон 0.31 Сахтии Моос 5.5 Сахтии Виккерс 1400–2740 МПа Сахтӣ аз рӯи Бринелл 1370–2500 МПа Рақами CAS 7439-98-7 Кашф Карл Шееле (1778) Ҷудогузории аввалин Peter Jacob Hjelm (1781)
| пайвандҳо
Молибден аз калимаи юнонии «molybdоs» гирифта шуда, маънояш сурб мебошад. Азбаски минералҳои ин ду металл ба якдигар монанд буданд, ба як гурӯҳ мансубашон медонистанд. Аввалин бор кимиёшиноси швед П.Я.Гесли (с.1781), ки печи баландҳарорат дошт, бо таклифи К.В.Шееле металлро гудохт, вале пас аз 40 сол молибдени тозаро И.Я.Берселиус ба даст овард. Танҳо дар асри ХХ истифодаи молибден амалӣ гардид.
Молибден металли сафеди нуқрагун буда, бо аксар хусусиятҳояш ба волфрам шабоҳат дорад, вазнин (зичиаш 10,2 г/см3 ), мураккабгудоз, дар 28900 С гудохта шуда, дар 48850 С меҷӯшад, устувор, ёзанда, кашанда ва ноқил аст. Зиёда аз 90% металли истеҳсолшуда дар металлургия, чун масолеҳи рупушкунандаи пӯлод ва хӯлаҳои махсус истифода мешавад. Молибден на танҳо бо волфрам, балки бо хром, манган, никел, ниобий омехта шуда, гудохтаҳои устувор, часпак, фарсуданашаванда ва аз зангзанӣ устувории он ба кор бурда мешавад. Инчунин дар саноати кимиёвӣ барои истеҳсоли катализаторҳо, тоза кардани маҳсулоти нафтӣ, пигментҳои гуногун (барои чинӣ ва шиша) ва маводи рупушкунананда васеъ истифода мешавад. Яке аз маводи конструксионӣ, барои истеҳсоли лампаҳои равшандиҳандаи барқӣ, асбобҳои электровакуумӣ (лампаҳои радио, генераторҳо, қубурчаҳои рентгенӣ), симҳои печҳои гармкунанда хидмат мекунад. Дар 1 тонн пӯлод 2-5 кг, дар таркиби хӯлаҳои махсус то 10 кг молибден сарф шуда, асбобҳои тезбурранда то 80 кг, зангназананда – 70 кг молибден доранд. Хӯлаҳои рупушкунии пӯлодини молибден дар саноати худравсозӣ, тракторсозӣ, авиатсионӣ ва қубурсозӣ истифода мешаванд. Пӯлодҳои обутобёфтаи молибден чун зиреҳпӯши танкҳо, дар сохтани аслиҳаи ҷангӣ (милтиқ, тапонча) ва тайёр кардани гудохтаҳою пӯлодҳои аз ҳад зиёд сахт (стеллитҳо) маводи асосӣ мебошанд. Хӯлаи «комоҳром» (Co, Mo, Cr) дар бадани инсон безарар буда, буғуму устухонҳои осебдидаро иваз мекунад.
Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. – М. : Металлургия, 1993. – 288 с.
↑ (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi :10.1515/pac-2015-0305 .
↑ Molybdenum: molybdenum(I) fluoride compound data . OpenMOPAC.net. 10 Декабри 2007 санҷида шуд.
↑ Lindemann, A.; Blumm, J. (2009). Measurement of the Thermophysical Properties of Pure Molybdenum 3 . 17th Plansee Seminar.
↑ Lide, D. R., ed. (2005). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds". CRC Handbook of Chemistry and Physics (PDF) (86th ed.). Boca Raton (FL): CRC Press. ISBN 0-8493-0486-5 .
↑ Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics . Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4 .