Jump to content

Морфологияи рустаниҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Морфологияи рустаниҳофитоморфология, яке аз фаслҳои муҳими илми ботаника буда, қонунияти сохт ва протсессҳои ташаккули рустаниҳоро дар ҷараёни инкишофи фардӣ ва таърихи эволютсионӣ муомӯзад. Ба қадри инкишофи таърихии Морфологияи рустаниҳо аз он анатомияи рустаниҳо, эмбриологияи рустаниҳо ва тситология чун фанҳои мустақил ҷудо шудаанд. Муайян кардани гуногунии рустаниҳо дар табиат, омӯзиши қонунияти сохту ҷойгиршавии онҳо ва ғайраҳо проблемаҳои асосии Морфологияи рустаниҳо мебошанд.