Муаллим
Jump to navigation
Jump to search
Муаллим — шахсест, ки дар муассисаҳои таълимии ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тобеъ машғули таълиму тарбияи насли наврас аст.
Барои қадрдони намудани меҳнати муаллим дар собиқ ҶШС Тоҷикистон 28 апрели соли 1940, дар асоси Қарори Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон унвони фахрии Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1940–1988) таъсис карда шуд. Минбаъд ин унвон ба Ходими хизматнишондодаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1989–1991), Корманди шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991–1996) иваз шуда буд. Аз соли 1996 баъди тағйирот номи унвони фахрии Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.[1]
Нигаред[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. – Душанбе, 1983. – с. 515-516.