Муборакшо Ҷумъаев
Муборакшо Ҷумъаев | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 3 май 1938 |
| Таърихи даргузашт | 1 сентябр 2013 (75 сол) |
Муборакшо Ҷумъаев (3 майи 1938, деҳаи Вомар, ноҳияи Рӯшон, ВМКБ — 1 сентябри 2013, ҳамон ҷо) — оҳангсоз ва навозандаи тоҷик. Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1989), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо (1961) хатм кардааст. Солҳои 1956—1961 навозандаи ансамбли фолклорӣ-этнографии «Помир», 1961—1974 мутриби Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1974—1978 мутриби ансамбли мақомхонон, 1978—1989 роҳбари бадеии ансамбли «Зебо», аз соли 1989 роҳбари мусиқии ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. Зиёда аз сад оҳанг барои суруду рақс эҷод кардааст, «Ҷавонӣ», «Гуфтам ба чашм», «Ёд мекунем», «Ҳусн», «Давлати Сомониён», «Гулсара», «Рози дил», «Навои обшорон», «Ҳамдами дилҳо», «Гулхани ишқ», «Эй зиндагӣ», «Худовандо», «Меҳрнома», «Бути номеҳрубон», «Ашки ҳасрат», «Ниҳоли қомат», «Намедонӣ магар», «Мехӯрам афсӯс», «Фироқи ёр», «Дар чаман», «Рӯҳафзо», «Илҳом», «Диловез», «Тулӯи ишқ», «Наргис», «Ишқи аввал», «Гулрез», «Навои обшорон», «Хами зулф» аз зумраи онҳоанд. Дар ҳайати ансамблҳо ба бисёр давлатҳои хориҷӣ сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муборакшо Ҷумъаев 1 сентябри соли 2013 дар деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон даргузашт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳамсози дарё, Д., 2008.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.