Jump to content

Муборак Шарифова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муборак Шарифова
Муборак Саидовна Шарифова
Таърихи таваллуд ноҳияи Конибодом
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2009(2009)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Муборак Саидовна Шарифова (?, ноҳияи Конибодом, — 2009, Душанбе) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1968), дотсент (1970).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1951—1955 дар факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1955—1990 ҳамчун ассистент, муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи математика ва мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1976—1980 вазифаи мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳоро ба уҳда дошт. Дар муддати 35 соли фаъолияти омӯзгориаш дар донишкадаи омӯзгории пойтахт дар тарбияи ҳазорҳо мутахассисон саҳми худро гузоштааст. Оид ба бобҳои математикии «Китоб-аш Шифо»-и Абӯалӣ ибни Сино кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 20 кори илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои мухталифи илмию назариявии ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.

  • Абӯалӣ Сино — олими математика // Мактаби советӣ, 1965, № 6; Таърихи ба вуҷуд омадани логарифмҳо // Мактаби советӣ, 1972, № 6.