Jump to content

Муваҳҳидун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муваҳҳидун
Таърихи таъсис 1121
Макони амал Андалусия[1] ва Iberian Peninsula[d][1]
Созмони таҳти амр Хилофати Муваҳҳидун[d]
Забони расмӣ арабӣ
Кишвар
Пойтахт Марокаш[d]
Навъи ҳукумат подшоҳӣ ва Хилофат
Пули миллӣ динор[d][2]
Пеш аз Муробитун
Забони мавриди корбурд Berber[d], арабӣ ва Andalusi Romance[d]
Таърихи фурӯпошӣ 1269
Масоҳат
  • 1 621 393 км² (1150)
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Муваҳҳидун (ар. الموحّدون‎) — сулола ва давлати феодалӣ (1121/ 1122—1269).

Дар натиҷаи рақобати динию амалиёти сиёсии қабилаҳои барбари Африқои Шимолӣ ба муқобили Муробитун ба вуҷуд омадааст. Асосгузор ва пешвои ҳаракат Ибни Тумарт, худои ягонаро мепарастид. Тақрибан солҳои 1221 — 22 Муваҳҳидун бар зидди Муробитун қиём карданд. Ибни Тумарт худро маҳдӣ эълон намуд. Баъди марги Ибни Тумарт (1128) ҳамкори наздиктарини вай Абдулмӯъмин халифаи Муваҳҳидун шуд. Таҳти роҳбарии ӯ Муваҳҳидун соли 1146 Марокашро забт намуда, Муробитунро торумор кард ва дар тамоми Африқои Шимолӣ ва Испониёи Ҷанубӣ давлати бузурги худро ташкил дод. Дар садаи XIII ҳокимияти Муваҳҳидун таназзул ёфт. Соли 1269 амирони сулолаи Мариниюн пурқувват гардида, Марокашро ишғол намуданд ва сулолаи Муваҳҳидунро барҳам доданд.