Музаффар Олимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Музаффар Олимов
Таърихи таваллуд 28 сентябр 1954(1954-09-28) (69 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Исфара
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ин-ти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, Ин-ти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Музаффар Олимов (тав. 28.09.1954, д. Навгилеми н. Исфараи илояти Суғд.) — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), дорандаи Медали «Хидмати шоиста» (2021).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Музаффар Олимов хатмкардаи ф-таи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1976). Лаборанти калони бахши Ҳинду Покистони Ин-ти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1976- 1977). Коромӯз, аспиранти шуъбаи Ҳиндустон ва Ҷануби Осиёи Ин-ти шарқшиносии АИ собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (1978-1981, Москва), корманди илмии шуъбаи таърих ва иқтисоди Ин-ти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1981-1984), тарҷумон дар гурӯҳи ҳизбии собиқ КМ ҲКИШ дар собиқ КМ ҲХД Ҷумҳурии Афғонистон (1984-1986), корманди илмии Ин-ти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1990), докторанти Ин-ти шарқшиносии АИ собиқ Иттиҳоди шуравӣ ва Федератсияи Русия (1990-1994, Москва), мудири шуъбаи Ҷануби Осиё, муовини директор оид ба илм ва сарходими илмии Ин-ти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ Тоҷикистон (1994-1998), директори Маркази (ѓайридавлатии) илмӣ-таҳқиқотии «ШАРҚ» (1996-2011), ноиби ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ ва профессори Донишкадаи мустақили технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон (2009-2010), сарходими илмии Ин-ти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (2011-2014), мудири шуъбаи Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ (2015 - 2017), дотсент ва профессори ф-ти таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1982-1984, 1994-1998, аз с. 2013) ва Консерваторияи миллӣ (2012-2014). Аз 2017 профессори кафедраи минтақашиносии хориҷаи факултаи муносибатҳои байналмилалӣ ва аз 2020 роҳбари Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва муқоисавии назди ДМТ. Аз соли 2020 инҷониб профессори кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. М. Олимов узви Анҷумани байналмилалии шарқшиносон (Маскав), узви Анҷумани Аврупоии омӯзиши Осиёи Марказӣ (ESCAS), узви Шуроҳои махсуси илмӣ оид ба дифои рисолаҳои доктории назди Институти таърих, ареология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши АИ (1995 – 2016 ва аз с. 2020), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз с. 2000) ва узви гурӯҳи коршиносии бахши таърихи Комиссияи олии аттестатсионии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муаллифи беш аз 200 асари илмӣ, иштирокдори конференсияҳо ва ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар бештар аз 50 кишвари хориҷӣ.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Очерки истории Синда в ХУ11 - начале XIX в. (Аграрние отношения и город). М., 1993;
  • Межтаджикский конфликт: путь к миру. М., 1998;
  • Таджикистан на пороге перемен. М., 199;
  • Управление, ценности и образ жизни молодежи в странах Центральной Азии. Ташкент, 2001.;
  • Мусульманские лидери: социальная роль и авторитет. Душанбе, 2003;
  • Трудовая миграция в Афганистане. М., 2005;
  • Деградация окружающей среди, миграция,внутреннее переселение и уязвимость сельского населения в Республики Таджикистан. Д., 2012;

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ